Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони эҷодкор ва ба ин васила мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни мактабиён бори нахуст бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Суғд ва иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят даври аввали озмуни вилоятии «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» миёни мактабиён доир гардид. Он дар муассисаи давлатии Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд сурат гирифта,  дар озмун дастаҳо аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои  Хуҷанд, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен тибқи низомномаи баргузории озмун дар се бахш- “Муаррифӣ ё саломнома”, “Саволнома” ва “Вазифаи хонагӣ”  байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бояд гуфт, ки толибилмон маҳорати баланди ҳунарварӣ, сурудхонӣ ва ҳазлу мутоибаҳоро нишон доданд.

Дар ҷамбасти озмун ҷойи якумро бо 14 хол мактаби хусусии ғайридавлатии “Гулчини маърифат”-и шаҳри Хуҷанд ба даст овард. Зинаҳои баъдиро мактаби хусусии ғайридавлатии “Паймони азизон”-и шаҳри Хуҷанд, мактаб- гимназияи № 1 -и шаҳри Бӯстон, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 16 шаҳри Хуҷанд,  гимназияи № 1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3 ноҳияи Спитамен ишғол намуданд. Дастаҳои зинаҳои ифтихориро гирифта, ба давраи дуюм роҳхат гирифтанд. Ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъолона дар давраи якуми озмун бо сипосномаи сардори Раёсати маорифи вилоят  қадршиносӣ гардиданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Посух додан ба Аноним Лағв

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>