Дар Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистион баррасию қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» ҳар сокини кишвар, аз ҷумла мо- тарбиятгарони насли ояндасозро басо шоду сарфароз гардонд. Суханронии вакилонро тариқи оинаи нилгун оид ба хизматҳои арзанда ва талошҳои созандаи Сарвари муаззами давлатамон бо як ҷаҳон ифтихор гӯш кардам. Вақеан ҳам хизматҳои абармарди миллат, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси бунёдгузори давлати миллӣ, таҳкимбахши сулҳу оштӣ хеле калон аст.

Ин сатрҳоро рӯи қоғаз меораму баҳои баланди раиси Созмони тоҷикони Британияи Кабир Саид Ҷалоли Бадахшонӣ, ки ҳанӯз соли 2002 ба хизматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода буд, ба хотирам расид: «Шумо дар зиндагии рӯзмарраи худ таҳти роҳбарии Раиси ҷумҳур ба як натиҷае расидаед, ки дар дунёи имрӯз беназир аст. Мамлакате, ки ҷанг фаро гирифта бародаркушӣ ривоҷ дошт, ба як машъали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш табдил шудааст. Дар ҳеҷ ҷойи дунё ва ҳеҷ кас то кунун натавонистааст, чунин коре бикунад. Шумо худро хурд напиндоред ва Раиси ҷумҳури худро шахсияти ҷаҳонӣ бидонед, чаро, ки таҳти роҳбарии эшон ин матлаб дуруст шудааст».

Мавлуда Ҳоҷибоева,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики
гимназияи «Нур»-и ноҳияи Б.Ғафуров