Маорифчиён – парчамбардори иқдомҳои ватандӯстона

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Қонуни асосӣ бо иродаи мардуми кишвар сохти давлатдории навини тоҷиконро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.

Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт».

Таърих гувоҳ аст, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани хатари ба истиқлолияти давлатӣ таҳдидкунанда шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, баҳри аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат асос гузошт. Ҳамзамон таҳкурсии устувори расидан ба ваҳдати миллӣ гардид ва дар марҳилаи ҳассосу тақдирсози таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории миллати мо нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Инак, 22 сол боз Сарқонун дар партави сиёсати ба бунёдкорию созандагӣ нигаронидашудаи Сардори давлат ва Пешвои миллат ҳамчун бахтнома ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёдро муайян менамояд.

Тащйироту иловаҳое, ки солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, дар маҷмӯъ арзишҳои волои Қонуни асосиро таҳким бахшида, барои ташаккули минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварданд ва идомаи мантиқии меъёрҳои амалкунандаи санади бунёдии мазкур гардиданд.

Лоиҳаи тащйиру иловаҳои нав ба Сарқонун, ки аз ҷониби мақоми олии қонунгузори мамлакат таҳия шудааст, тавсеаю тақвияти равандҳои демократикунонӣ дар мамлакат, рушди ҷомеаи кишвар ва боло рафтани вазъи иқтисодию иҷтимоии онро инъикос намуда, мақсади ниҳоии он фароҳам овардани зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба ҳар як инсон аст.

Ҳамзамон мушаххас намудани меъёрҳои Коститутсия, аз ҷумла шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба шаҳрвандӣ, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони болищу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар, интихоб ва таъйин шудани аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тафсири Конститутсия, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулияти аъзои Ҳукумат ва судяҳо зарурати ворид намудани тащироту иловаҳои нав ба Қонуни асосиро ба миён оварда, ба таҳким ёфтани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дар маҷмуъ мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Аввалин падидаи ҷолиб ҳангоми таҳияи лоиҳаи тащйироту иловаҳо эътибори хоса додан ба покизагии забони давлатист, ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат сарчашма мегирад. Тавре маълум аст, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳомию пуштибони асосии забони модарӣ ва фарҳангу тамаддуни миллати куҳанбунёди мо ҳастанд ва борҳо аҳли ҷомеаро ба бузургдошту покиза нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ даъват намудаанд. Маҳз дар асоси дастуру ҳидоятҳояшон дар замони соҳибистиқлолии Ватанамон Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ҷойгоҳу мақоми хешро дарёфт.  Дар лоиҳаи тащйироту иловаҳо иваз намудани калимаҳои «он» бо «ӯ», «марзиву маъмурӣ» бо «маъмурию ҳудудӣ», «ташкилот» бо «иттиҳодия», «маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ» бо «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ», «сохти конститутсионӣ» бо «асосҳои сохтори конститутсионӣ», «эълоншуда» бо «муқарраргардида», «ҳаққи зиндагӣ» бо «ҳуқуқ ба ҳаёт», «шахсон» бо «шаҳрвандон», «пулӣ» бо «пардохтшаванда», «туризм» бо «сайёҳӣ», «ҷамъият» бо «ҷомеа», «додан» бо «супоридан», «вазифаи ҳар кас мебошад» бо  «ҳатмист», «ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ» бо «эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар», «қарордод» бо «шартнома», «қаламрав» бо «ҳудуд», «тарзи ташкил» бо «тартиби таъсис», «ҷиноӣ» бо «ҷиноятӣ» ва «ҳақ» бо «ҳуқуқ» пешниҳод шудааст, ки ҳамагӣ қобили қабул мебошанд. Онҳо на танҳо фаҳмидани муқаррароти Конститутсияро осонтар мекунанд, балки хусусияти мушаххаскунанда ва дақиқкунанда дошта, мақсадро хубтар ифода менамоянд.

Таҷрибаи талхи солҳои 90-уми асри гузашта, ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2016, вазъи ноорому зудтащйирёбандаи ҷаҳони муосир ва ҷиҳатҳои манфии раванди ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо водор менамояд, ки имрӯз ҷиҳати таъмини амнияти миллату давлат ва афзун намудани иқтидори мудофиавӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида шавад. Дар лоиҳаи тащйироту иловаҳо ба моддаи 8-и Қонуни асосӣ қисми 6-ум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки тибқи он дар Ватани мо фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблащгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст. Дар ин пешниҳод ҳамзамон манъ будани таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти миллӣ ва динидошта зикр мешавад. Зеро арзи ҳастӣ намудани чунин ҳизбҳои сиёсӣ оқибат боиси ҷудоиандозӣ, низоъу муноқишаҳои миллӣ, бо сиёсат омехта кардани дин ва суистифода аз эътиқоди динии инсонҳо мегардад, ки хатар ба амнияту ваҳдати сартосарӣ дорад. Ворид гардидани ин илова ба Сарқонуни мамлакат чунин хатарҳоро аз байн хоҳад бурд.

Мутобиқи тащйироти моддаи 49 вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ ҳамон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, таҳсилоташ олӣ ва синнаш аз 30 кам набошад. Мутобиқи тащйироти моддаи 65- ум бошад, талабот ба номзад ба мансаби Президентӣ чунин аст: «танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, сини ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад». Вобаста ба ин масъала бояд гуфт, ки синни шаҳрвандоне, ки ба вазифаи судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе пешниҳод мешаванд, низ 30-солагӣ пешбинӣ шудааст. Ин тадбир имкон медиҳад, ки ҷавонони арзанда ба вазифаҳои масъул ва муҳим бештару барвақттар тавсия ва пешниҳод шаванд.

Аз рӯи лоиҳаи тащйироту иловаҳо ба Сарқонун баъди интихобу таъйин шудан ба вазифаҳо савганди вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат, судяҳо ва судяи Суди конститутсионӣ (ҳангоми маротибаи аввал ба ин вазифа интихоб шуданаш) пешбинӣ шудааст. Ин меъёр ба муҳимияти ин вазифаҳо вобаста буда, масъулияти онҳоро зиёд менамояд ва водор месозад, ки барои рушди ҷомеа ва давлату миллат хубтару бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Аҳли ҷомеа бо роҳи ширкати фаъолона дар муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷонибдории худро аз қабул намудани он баён дошта буданд. Тащйироте, ки барои ворид намудан ба қисми дуюми моддаи 34-и Сарқонун пешниҳод шудааст, на танҳо масъулияти волидонро дар таълиму тарбияи фарзанд баланд мебардорад, балки фарзандони болищу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул менамояд.

Ин гуна мисолҳоро вобаста ба лоиҳаи тащйироту иловаҳои ба дигар моддаҳои Сарқонун пешниҳодшаванда низ овардан мумкин аст. Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки ҳамаи онҳо қобили қабул ва арзандаи ворид намудан ба Қонуни асосии кишвар ҳастанд.

Дар қарори Суди конститутсионии мамлакат вобаста ба лоиҳаи тащйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид шудаст, ки тащйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ба марҳилаи имрӯзаи рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда, онҳо ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, дар навбати аввал ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидаанд. Онҳо ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро ташкил дода, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд, тақвият бахшида, дар маҷмӯъ ба таҳкими амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.

Аҳли маориф парчамбардори ташаббусҳои наҷиби ватандӯстона, тарщибгари сиёсати давлату Ҳукумат ва равшангари роҳи аҳли ҷомеа буда, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдат, тинҷию амонӣ ва ободии Ватану хушбахтии мардуманд. Мо маорифчиёни вилояти Сущд ҳам аз он ифтихор дорем, ки Конститутсияи (Сарқонуни) кишвари соҳибистиқлоламон яке аз 10 Конститутсияи демократитарини дунё эътироф шудааст. Ба хотири тинҷию амонии мулк, саодати мардум ва фардои дурахшон якдилона матни тащйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, изҳори умед менамоем, ки аҳли ҷомеа дар раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани онҳо раъй медиҳанд.