9 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки хонандагону роҳбарони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Исфара, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров сӯҳбати атрофи мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши ҷавонони эҷодкор дар рушду пешрафти ҷомеа» баргузор гардид.

Дар сӯҳбат атрофи масъалаҳои «Тарбияи хонандагони боистеъдод, лаёқатманд ва эҷодкор», «Инкишофи қобилияти эҷодии хонандагон», «Нақши ҷавонони эҷодкор дар рушду пешрафти ҷомеа», «Самтҳои фаъолияти маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар солҳои минбаъда» ва «Ояндаи Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонони асри ХХI» аҳли нишаст баҳсу мунозираҳои судманд баргузор намуда, пешниҳодҳои худро барои ноил гардидан ба ҳадафҳои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» баён намуданд.