Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои Сарқонун (Конститутсия), забони давлатӣ ва рамзҳои давлатӣ мебошад, ки дар маҷмуъ муқаддасоти миллӣ маҳсуб мегарданд.

Дар доираи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи басо фараҳбахшу гуворо маҳсуб мегардад. Тибқи ин санад санаи 24 ноябр ҳамасола дар кишвар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷлил карда мешавад. Ин ҷашни муборак ҳамчун рӯзи ид соли равон бори ҳаф-тум дар сатҳи баланд, бо шукуҳ ва шаҳомати калон таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили шукуҳманди Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи арҷгузорӣ ба дигар арзишҳои миллӣ эҳтиром ва қадршиносии яке аз рамзҳои асосии давлатӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот мебошад.

Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас аст. Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташон ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши барҷастаи ин рамзи муҳими давлатиро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстию якдилӣ ва Ваҳдати халқи азизамон зикр намуда, барҳақ қаӣд кардаанд: «Итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд».

Бояд тазаккур дод, ки парчамдорӣ ҳамчун оини куҳани давлатдории миллии тоҷикон барои мардуми мо падидаи нав нест. Зеро миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидааст. Дирафши Ковиёнӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хоса дошт ва он дар ливои Президенти кишвар имрӯз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллӣ тасвир ёфтааст.

Мафҳуми парчам маъруф ва бостонист. Дар Энсиклопедияи советии тоҷик омадааст, ки парчам, алам, роят, ливо, дирафш «рамзи синф, миллат, ягонагии ҳарбӣ, партиявӣ, динӣ ва ҷамъияту ташкилотҳои гуногун» мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки «Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ѓурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст».

Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлату давлатдорӣ дар низоми сиёсии кишвар дорои аҳамияти бузург мебошад, Бори аввал 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ муҳокима ва тасдиқ гардида буд.

Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ, истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи нек, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикоси худро ёфтаанд. Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.

Барои ҳар фарди бонангу ори кишвари соҳибистиқлоламон боиси ифтихору саодат аст, ки Парчами давлатӣ ба тарѓибу ҳифзи дастовардҳои кишвар, пойдории сулҳу субот, ҳамзистии осоишта, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши паӣваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз пайваста чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар бо афрохтани Парчами давлатӣ дастовардҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматкаши кишварамон зиндагии худро таҳти партави нури ҳаётбахшу роҳнамои ин рукни муҳими арзишҳои миллӣ пеш мебаранд.

Имрӯз дар саросари ҷаҳон номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик дигар ба муаррифӣ ниёз надорад. Ин бузургтарин бахт ва ифтихор аз Ватани азиз ва миллати шарафманди тоҷик аст. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои мамолики узви Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ дорад.

Афрохта шудан Парчами давлатӣ дар болои бинои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва амсоли ин муассисаҳои давлатию ҷамъиятии кишвар тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» ва Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Ҷой дода шудани акси он дар нақлиёти ҳавоӣ, асъори миллӣ, коѓазҳои арзишноки давлатӣ, дар нишонҳои сарисинагӣ, васоити ахбори омма ва амсоли инҳо қабл аз ҳама дар таҷассуми руҳияи давлатдории миллӣ тибқи қонуни зикршуда роиҷ аст.

Имрӯз мардуми кишвар дар мақоми арҷгузорӣ аз Истиқлолият, давлатдории навин дар шоҳроҳи ташаккули бесобиқаи низоми сиёсии мамлакатамон парчамро чун дигар рамзҳои давлатӣ азизу гиромӣ медоранд ва онро рамзи зафару комёбиҳои нави меҳнатӣ меҳисобанд. Аз ин лиҳоз, Парчами давлатӣ ҳастии давлати мо, ифтихори миллии моро дар пайвастагӣ бо ѓояҳои наҷиби созандагиву бунёдкорӣ инъикос менамояд. Ба ин маънӣ парчам гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо, таҷассумгари ѓурури милли ва ору номуси ватандории мо гардидааст.

Дар ҳақиқат, имрӯз парчам ҳамчун таҷассумгари бахту иқбол ва ҳаёти пурсаодати мардуми шарафманди кишвар дар ҷаласаҳои мутантани расмӣ, қисмҳои низомӣ, бунгоҳҳои сарҳадию гумрукӣ, ҳатто дар мавзеъҳои истироҳатию фароѓатии мардум ва ѓайраҳо афрохта мешавад. Дар маҷмуъ парчам ҳам дар лаҳзаҳои хуррамию ободӣ ва ҳам дар лаҳзаҳои мотаму сӯгворӣ бо мардум аст. Боиси ифтихори мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки санаи 30 августи соли 2011 нахустин маротиба дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар бо иштироки Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами муҳташами давлатӣ, парчаме ки баландиаш назир дар ҷаҳон надорад, бар баландии 165 метр афрохта шуд.

Мехоҳам андешаҳои худро пиромуни ин рамзи муҳими давлатӣ бо иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима бахшам: «Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад!».

Каримзода Осим Қосимӣ,

сардори Раёсати маорифи вилоят,

доктори илмҳои таърих, профессор