Дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, кумитаи маҳаллаҳо, деҳаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Щафуров тамошои дастҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақоли олии қонунгузори мамлакат, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гимназияи «Нур» ташкил карда шуд.

Омӯзгорони ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ бо руҳияи созандаю умедҳои нек суханронии Президентро бо шавқи том шунида, аз самтҳои минбаъдаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, ки баҳри зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, огаҳӣ пайдо карданд.

Паёми имсолаи Президенти мамалакатро ба Маҷлиси Олӣ, ки дар соли ҷашни фархундаи кишвар – 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, яке аз рӯйдодҳои муҳими давр, раҳнамои имрӯзу фардои нек метавон номид.

Дар Паём Президенти мамалакат Ҷаноби Олӣ , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои давлати соҳибистиқлоламон дар давоми як сол, вазъи пурталотуми ҷаҳони имрӯза, шиддатгирии буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ сухан ронда, оиди баландшавии маоши кормандони соҳаи буҷавӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, нафақа, тарбияи босаводи кадрҳо, дастгирии ҷавонон ва бонувони болаёқат, соҳаи тандурустӣ, илм ва маориф, таваҷҷуҳи хоса ба сиёсати хориҷӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъсиси ноҳияҳои саноатӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили терроризм ва экстроризм, ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлолият ва амнияти миллӣ изҳори ақида намуданд. Ин бори дигар аз рушди субот ва оромии кишвар, ояндаи дурахшони Тоҷикистон дарак медиҳад.

Президенти мамлакат дар бораи соҳаи маориф сухан ронда, зикр намуданд, ки идоракунии минбаъдаи давлат, пешрафти он аз тарбияи кадрҳои босаводу хушахлоқ ва забондон вобастагӣ дорад. Ҳамчунин дар бораи баланд бардоштани нақши тарбия дар оила, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, бозомӯзии омӯзгорон, ривоҷу эҳёи ҳунарҳои миллӣ сухан рафт. Дар ҳақиқат, нақши омӯзгор дар пешрафти ҷомаеи мутамаддин хеле бузург аст. Бояд сатҳи дониши сиёсӣ, ихтисосӣ ва фарҳангии муаллим аз шогирдонаш боло истад ва омӯзгор пайваста дар ҷустуҷӯ ва омӯзиш бошад. Ин ба пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муассире хоҳад гузошт.

Барои амалӣ гардидани самтҳои дар Паём зикргардида моро зарур аст, ки   бо дасту дили пок, меҳнати ҳалол намуда, барои ободии Тоҷикистони азиз ҳиссагузор бошем.

 

Мавлуда Ҳоҷибоева,
омӯзгори гимназияи «Нур»-и н.Б.Ғафуров,
узви иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон