Муҳтарам Раис,

Ҳозирини гиромӣ!

Соли равон ба санаи тақдирсози таърихи навини халқамон, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад.

Ин марҳилаи начандон тӯлонии таърихӣ бори дигар нишон дод, ки таҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд, бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро бунёд намоянд.

Дар робита бо ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба аҳли ҷомеа, аз ҷумла насли наврасу ҷавон муроҷиат намуда гуфта буданд:

«Ин дастоварди бузурги таърихӣ — ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст доред.»

Бояд гуфт, ки ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимии вилоят ва кулли маорифчиён туфайли роҳандозии фаъолияти пурмаҳсули рӯзмарраи худ дар тарбияи ғояҳои ваҳдати миллӣ, сиёсати ваҳдатофарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда мегузоранд.

Аз ҷумла, дар арафаи ҷашни 18-умин солгарди ваҳдати миллӣ дар Раёсати маорифи вилоят бо иштироки олимон, мутахассисон ва омӯзгорони фанни ҷамъиятшиносӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ- асоси пешравии соҳаи маориф» сӯҳбат атрофи мизи мудаввар баргузор гардид. Иштироккунандагон таъкид доштанд, ки ваҳдат таъмингари рушди миллат, таҳкимбахши сулҳу оромӣ ва бунёди осоиштагиву созандагӣ буда, тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардумро рангину дилнишин мекунад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тазаккур бояд дод, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 914 муассисаҳои таълимӣ амал мекунанд ва ин мактабҳо армияи сернуфузи ваҳдатшиорҳо- 34532 нафар омӯзгоронро фаро мегирад. Дар ҳамаи ин муассисаҳои таълимӣ ташкилотҳои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ фаъолият мекунанд.

Фаъолияти асосии аъзоёни Ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ аз таблиғу ташвиқи дӯстию рафоқат, пешравии иқтисодию иҷтимоии аҳли кишвар иборат мебошад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳое, ки дар ҳамаи ин ташкилотҳои ибтидоӣ тартиб дода шудаанд, асоси корҳои тарғиботию ташвиқотиро қиёси санадҳо ва рақамҳои дастовардӣ ташкил медиҳанд.  Солҳои охир ба туфайли кӯшишу ғайрати маорифчиён фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат ба танзим даромада, нишондиҳандаҳо хеле беҳтар шуданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷомеа, махсус маорифчиёнро барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдату худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ талқин намуда, аз ҷумла, таъкид доштанд:

«Ин амр аз аҳли ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, Ватану ватанхоҳӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд.»

Вобаста ба ин дар давоми соли таҳсили гузаштаю соли таҳсили равон дар муассисаҳои таълимии вилоят 930 чорабинии талқинкунандаи ваҳдати миллӣ ташкилу баргузор шуданд.

Раёсати маорифи вилоят, раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо  ба тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтироми ғояҳои ваҳдату ҳамдилӣ эътибори хоса медиҳанд.

Дар машваратҳои омӯзгорон, семинарҳои доимоамалкунандаи  ҷонишинон оид ба корҳои тарбиявӣ ва мураббиёни корҳои тарбиявии  муассисаҳои таълимӣ конференсияҳои илмӣ–методӣ дар мавзӯъҳои  «Роҳҳои баланд бардоштани сифати тарбияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ», «Тарбияи ҳисси эҳтироми арзишҳои миллӣ дар наврасон ва ҷавонон зимни чораҷӯиҳои маърифати — фарҳангӣ», “Ваҳдат – ормони олии миллат” ташкилу гузаронида шуданд.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар арафаи ҷашни солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳар сол тибқи нақшаи тарҳрезишуда конференсияю семинарҳо, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят озмунҳои иншои беҳтарин дар мавзӯи «Ваҳдат саодат аст», “Дарахти дӯстӣ биншон…”, конференсияҳои илмию оммавӣ, дарсҳои кушод, сӯҳбатҳо, маҳфилҳои ҳозирҷавобон, мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои ҷолиб ва ғайра гузаронида шуданд.

Ҳамчунин дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо бо мақсади дар шуури хонандагон ташаккул додани ғояи миллӣ, бунёд ва таҳкими ҷомеаи демократӣ соатҳои тарбиявии кушод дар мавзӯи “Ваҳдат- сарчашмаи иқбол” гузаронида шуданд, маҳфилҳои доимоамалкунандаи  «Ватандӯстон», «Таърихи Ватан» ва ғайра созмон дода шуда, мунтазам амал мекунанд.

Дигар самти фаъолияти муҳими ваҳдатофаринии мо навиштан ва чопи мақолаҳо дар васфи ваҳдату ҳамдилӣ аст. Дар 156 мақолаҳои иншонамудаи маорифчиён, ки дар саҳифаҳои матбуоти даврии соҳавӣ, вилоятию ҷумҳуриявӣ ба нашр расидаанд, садои дили пурэҳсоси аҳли ҷомеа ифода ёфтааст.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро маорифчиёни вилоят гарму ҷӯшон  пазируфтанд. Ҳисси баланди ифтихор ва қаноатмандии онҳо тариқи садою симо ва рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ ба аҳли кишвар аён гардид.

Ҳозирини гиромӣ!

Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба соҳаи маориф  ва дурнами  он аз ҷумла гуфтаанд:

“Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зич дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи  давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми  арзандаи худро пайдо намояд.”

Бо дарназардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат намуданд, ки барои аз мактаб дур намондани  фарзандон саъю талош намоянд, ба донишандӯзӣ ва касбу ҳанаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд, барои таълими фарзандон  тамоми шароити заруриро фароҳам созанд.

Ин ҳидояту дастурро сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати таҳкими Ваҳдати миллӣ дар соли 2016- Соли фарди солим аҳли маориф нақшаҳои ҷолиби корӣ тарҳрезӣ карданд ва барои татбиқи амалии он аз рӯзҳои нахусти сол фаъолияти босамар доранд.

Боварии комил дорам, ки дар ин самт аъзоён ва фаъолони Ҳараккати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар бари аҳли маориф қарор хоҳанд дошт.

Дар хотима ба ҳамаи Шумо пирӯзию сарбаландӣ таманно намуда, хоҳони онам, ки сулҳу ваҳдати сартосарӣ  пояндаву ҷовидон бошад.

Ба таваҷҷуҳатон ташаккур, саломат бошед!

( 9.02.2016)