Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимии вилоят, кулли кормандони соҳаи маориф бо рӯҳбаландии бузург истиқбол намуданд.

Зеро Паёми имсола фарогири тамоми масоили иқтисодиву иҷтимоии кишвар буда, ҳар нуктаву дастуру пешниҳодоти дар Паём омада барои беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона шудааст. Чун Паёми пешинаи Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ баробари дигар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба низоми маорифи кишвар ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ диққати махсус равона шудааст. Туфайли шиносоӣ бо ин ҳуҷҷат бори дигар маорифчиён таваҷҷуҳ ва эътибори хоссаи Сарвари муаззами давлатамонро ба соҳа эҳсос намуда, бо сарфарозию шукргузорӣ барои татбиқи нуқтаҳои он бо дасту дили гарм фаъолият мекунанд.

Чун иштирокчии бевоситаи ироаи Паём дар «Қасри Сомон»-и пойтахт бо саодату ифтихори зиёд корҳои анҷомдодаи маорифчиёни вилоят, ки ҳама аз ҳидояту дастурҳои Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, пеши назарам ҷилвагар мешаванд. Дар Паём омадааст, ки

Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми  чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Хеле хушоянд аст, ки маорифчиёни вилоят рӯзҳои нахусти ба амал татбиқшавии нуқтаҳои Паём онро бо комёбии арзанда истиқбол намуданд. Тавре аз пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе муҷда расид, дар ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” омӯзгори фанни математикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Зебо Аминова ба дарёфти ҷойи дуюм ва мураббии кӯдакистони № 9-и ноҳияи Б.Ғафуров Садоқат Атоева дар озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии сол” ғолиби ин сабқати бонуфуз гардиданд.

Инчунин татбиқи амалии дастурҳои Сарвари давлатамон дар як қатор дастовардҳои соли гузаштаи маорифчиёни вилоятамон ифода меёбанд.

Масалан, дар Олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ, номӣ, даставӣ 137 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, 73 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд, ки ин нишондиҳанда дар сатҳи ҷумҳурӣ беҳтарин мебошад.

31 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои Москва, Новосибирски Федератсияи Русия, Анталияи давлати Туркия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Гурҷистон  ва давлати Индонезия баргузор гардида буд, иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Шоистаи қайд аст, ки дар давоми соли 2015 6309 нафар кормандони соҳа дар курсҳои филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд донишу малака ва маҳорати худро такмил доданд, ки ин 100%-и нақшаи пешбинишударо ташкил менамояд. Ғайр аз ин мутобиқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 29.09.2015, № 2955 ва таъмини Нақшаи кории Лоиҳаи гранти шарикии глобалӣ дар таҳсилот (ГПО-4) шурӯъ аз моҳи октябр курси такмили ихтисоси директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо дар 4 марҳила ба роҳ монда шуд.

Барои вусъат бахшидани кор бо хонандагони болаёқат  қарори Раиси вилояти Суғд аз 23.09.2014, № 410 «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» таъсири мусбӣ расонид. Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят омӯзгорони навовару эҷодкорро ба машғулияти маҳфилҳои маркази вилоят ба кор ҷалб намуд.

Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ байни хонандагони болаёқат озмунҳо ташкил намуда, дар давоми сол дар 104 гурӯҳ 1200 нафар хонандагони болаёқатро ба маҳфилҳои фаннӣ ва бахшҳои фарҳангиву маърифатӣ ҷалб намуданд.

Дар соли 2015 муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят бо 759 компютерҳои ҳозиразамон таъмин карда шуданд. Алҳол дар 990 синфхонаҳои  компютерӣ 14736 компютер, 2208 принтер мавҷуд мебошанд. Иҷроиши Барнома 114%-ро ташкил менамояд ва ба 13 нафар хонандагони синфҳои 7-11 як компютер рост меояд.

Дар соли хониши ҷорӣ 110 муассисаи таълимӣ ба шабакаи интернет пайваст гардида, миқдори чунин муассисаҳо ба 743 адад расонида шуд. Синфхонаҳои компютерии 61 муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи дохилӣ пайваст мебошанд, 8 муассисаи таълимии шаҳри Хуҷанд дорои сомонаи худ аст.

Корҳо ҷиҳати  татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №627 «Дар бораи ба механизми нави маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронидани муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» идома доранд. Оиди ин масъала тибқи  қарори Раиси  вилоят аз 1 январи соли 2016 тариқи озмоишӣ муассисаҳои давлатии таълимии томактабии шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба механизми нави маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронида мешаванд.

Нуқтаи дигари муҳим, ки дар Паём инъикос шудааст, мақоми омӯзгор аст. Сарвари давлатамон эҳтиром ва таваҷҷуҳашонро ба тарбиятгари насли ояндасоз хеле ҷолиб ифода мекунанд: “Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.

Назар ба соли гузашта 10% бештар ҷудо гардидани маблағ барои тараққиёти соҳаи маориф ва аз моҳи июл ба андозаи 20% баланд бардошта шудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаи маориф башоратгари  ғамхории давлату Ҳукумат нисбати омӯзгорон ва заҳмати суботкоронаи онҳост.

Хеле хушоянд аст, ки дар вилоят ҳам бо дастгирӣ ва ибтикори бевоситаи Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ барои баланд бардоштани нақш ва мақоми омӯзгорон корҳои зиёде ба сомон мерасанд.

Соли 2015 200 нафар омӯзгорони  пешқадами шаҳру ноҳияҳои вилоят дар осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара истироҳат ва табобат намуданд. Боиси қайд аст, ки имсол низ ин таҷрибаи ибратбахш амалӣ хоҳад гардид. Соли гузашта аввалин маротиба 6 нафар омӯзгорони пешқадам ба дарёфти Ҷоизаи Раиси вилоят дар соҳаи маориф мушарраф гардиданд.

Тавре ки Сарвари давлат дар Паёмашон дар назди аҳли маориф вазифагузорӣ намуданд, дар давоми даҳ соли оянда бояд насли ояндасози кишвар озодона бо се забон муошират карда тавонад. Ҳарчанд дар ин самт корҳо идома доранд, ман онро кофӣ намеҳисобам. Дар муассисаҳои таълимии вилоят бо ин мақсад рӯзи сешанбе рӯзи забони русӣ ва рӯзи чоршанбе рӯзи забони англисӣ эълон шуда, дар ҳамаи мактабҳо маҳфилҳои омӯзиши ин забонҳо ва дарсҳои иловагӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар назди 22 муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд 46 гурӯҳ бо забони русӣ ташкил гардида, дар 13 муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Ашт омӯзиши забонҳои русию англисӣ ҷорӣ гардидааст. Барои боз ҳам тақвият бахшидан ба ин самти фаъолият моро зарур аст, ки ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзиши ин забонҳо бештар эътибор диҳем, таҷрибаи беҳтаринро паҳну тарғиб намоем.

Имрӯз ба фикрам замони он расидааст, ки ба фаҳмонида додани моҳияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷиддан муносибат карда, масъулияти омӯзгорони забонҳоро беш аз пеш баланд бардорем. Ин заминаи боэътимод хоҳад шуд, барои вусъат пайдо кардани омӯзиши забонҳо.

Паём аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ба фаъолияти кориамон аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо диҳем. Дар иртибот ба ҳидоятҳое, ки аз Паём бармеоянд, аҳли маориф тасмим гирифтаанд, ки ба ислоҳи камбудиҳои соҳа ҳама муташаккилона камар банданд. Дар навбати аввал баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, равона намудани эътибори бештар ба ташкили озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ, барҳам додани фаъолияти омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ бо маълумоти миёнаи касбӣ, фарогирии омӯзгорони ғайриихтисос ва ғайрисоҳавӣ ба курсҳои такмили ихсисос барин вазифаҳои муҳим дар назди маорифчиён меистанд. Бояд гуфт, ки дар ин маврид дастуру супоришҳои Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, ки аз машварати августии омӯзгорон бармеоянд, ҳидоятгар аст. Ҳарчанд нақшаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии вилоят барзиёд ба иҷро расидааст, моро имрӯз лозим аст, ки бори дигар истифодаи самараноки онҳоро мавриди назар қарор диҳем. Яъне, навсозии таҷҳизоти технологияи компютерӣ тақозои замон аст.

Дигар аз дастурҳое, ки дар Паёми имсола зикр гардид, ин дар муассисаҳои таълимӣ ташкил намудани курсҳои ҳунаромӯзӣ барои ҷавонон мебошад. Зеро дар шароити бӯҳрони молиявиву сиёсӣ танҳо он миллат зафарёб мегардад, ки сокинонаш дорои баланди мафкураи сиёсӣ ва донандаи ягон ҳунар бошад. Ва роҳнамои миллат дуруст дарк карданд, ки соҳибкасб будан инсонро ягон вақт хору залил намегардонад.

Хуллас, Паёми Сарвари давлат ба парлумони кишвар барои пешбурди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳайси барномаи амал хизмат мекунад. Самтҳои дар ин санад муайянгашта барои маорифчиён на танҳо барои як сол, балки ҳамчун дастурамали доимии фаъолият хизмат хоҳанд кард.

Барои мо — масъулини таълиму тарбияи насли ояндасози миллат мӯҷиби сарбаландию ифтихор аст, ки дар роҳи иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки аз ҷониби Пешвои миллат бароямон муқаррар гардидаанд, саъю талош варзида, онро дар амал татбиқ намоем.

Паём-роҳнамои фаъолият
Осим Каримзода
сардори Раёсати маорифи вилоят,
доктори илмҳои таърих, профессор