Зиндагии гурӯҳе аз ашхоси барӯманд рангину ибратомӯз аст ва шиносоӣ бо он хислатҳои наҷибашонро пеши назарҳо ҷилвагар месозад. Дар байни зиёиёни эҷодкор- аҳли илм низ ашхоси соҳибхираду фидокор умр ба сар бурда, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа сазоворона саҳм гирифта меоянд. Ходими пешбари Паҷӯҳишгоҳи масоили иҷтимоӣ-сиёсии Академияи илмҳои Федератсияи Русия, номзади илмҳои ҷомеашиносӣ, Шарифҷон Акрамов аз Қабили ҳамин гуна инсонҳои шарифу зариф аст.

Китоби рӯзгори ин инсони наҷиб ва олими сермаҳсулро вараҚгардон карда, бо бисёр саҳифаҳои ҷолиби он дучор омадан мумкин аст. Аз ҳасби ҳоли ин марди закӣ бохабарам, медонам, ки дастпарвари Донишкадаи давлатии Ленингарад (Санкт-Петербург) буда, соле чанд дар мактаби миёнаи зодгоҳаш – Канди бостон вазифаи муаллимиро адо кардааст. Чанд соли умри бобаракаташро Шарифҷон сарфи кори таълиму тарбияи шогирдон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва бахши хуҷандии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон намудааст.

Вале меҳри илм, шавқи пайвастан ба доираҳои бонуфузи илмӣ, таҳқиқи масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ Шарифҷонро беқарор намуда, тақозо карданд, ки ба аспирантураи Паҷӯҳишгоҳи илмҳои иҷтимоии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шавад. Ва ҳамин тариқ аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта тақдир Шарифҷонро бо доираи илмии Москва пайваст ва ӯ то имрӯз дар густариши робитаҳои илмии байни Федератсяи Русияю Тоҷикистон монда нашуда талош меварзад.

Имрӯз олими сермаҳсул Шарифҷон Акрамов муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Ӯ иштирокчии 10 конфронс ва ҳамоишҳои байналхалқӣ, семинарҳои илмӣ мебошад. Олими варзида дар ҳамоишҳои байналмилалии шаҳрҳои Москва, Истамбул, Ереван, Санкт-Петербург, Уфа, Стерлитамак, Қазон Чебоксари ва щайраҳо доир ба педагогикаи мардумӣ, сотсиологияи оила ва муҳоҷирати меҳнатӣ бо маърӯзаҳои шавқовари илмӣ баромад кардааст.

Ба самимият ва ҷаҳду талоши хастагинопазири олими серщайрат, инсони наҷиб Шарифҷон Акрамов дар мавриди адои вазифаи ректории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мӯътақид гардида будам. Маълум аст, ки имрӯз дар кишвар масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони муҳоҷир, ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои қабулкунандаи нерӯи корӣ беш аз пеш таҚвият мехоҳад. Бо назардошти ин ҳолат раёсати ДДҲБСТ 5-6 сол муқаддам тасмим гирифт, ки бо истифода аз нерӯҳои илмии кишварҳои хориҷии дуру наздик дар ҳаллу фасли ин масъалаи мубрам саҳм гирад. Ин нияти неки олимон ба Шарифҷон Акрамов писанд омад ва туфайли мусоидати раёсати донигшгоҳу ҳамкории ӯ директори Маркази демографияи иҷтимоӣ ва сотсиологияи иҚтисодии Паҷӯҳишгоҳи таҳҚиҚоти масоили иҷтимоӣ-сиёсии Академияи илмҳои  Федератсияи Русия, прфессор С.В.Рязантсев оростани ҳамоиши мӯҳташами байналмилалиро дар мавзӯи  мушкилаҳои муҳоҷират бо иштироки олимон аз кишварҳои хориҷа  дар шаҳри Хуҷанд ба наҚша гирифт.

Ҳамоиши аввал дар донишгоҳ моҳи ноябри соли 2009 бо натиҷаҳои хеле баланди илмӣ ҷамъбаст гардид. Маърӯзаҳои илмии иштирокдоронаш дар шакли китоби алоҳида ба нашр расид ва аз ҷониби аҳли илм баҳои баландро созовор гардид. Минбаъд туфайли фаъолияти судманди Шарифҷон Акрамов ва ҳамкории раёсати донишгоҳ баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ бо иштироки олимони мӯътабари Россияю кишварҳои дигар вусъати тоза гирифт. Дар ин замина паи ҳам 3 сол дар ДДҲБСТ дар чунин сатҳу сифат ҳамоишҳо баргузор гардиданд, ки дар онҳо аз 23 кишварҳои дунё олимону муҳаққиқон фаъолона ширкат варзиданд.

Баргузории ҳамоишҳои мӯҳташами байналхалқӣ муъҷиби мақому манзалати баланд касб кардани донишгоҳ, вусъати робитаҳои ҳамкории муфиди маъвои маърифат бо дигар муассисаҳои илмию таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷа гардид. Доир ба таъсиси Шуроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз ихтисоси назарияи иқтисод дар донишгоҳ, аз Қайди рӯйихати маҷаллаҳои ВАК-и Русия гузаштани маҷаллаи илмӣ- назариявии «Ахбори ДДҲБСТ» ва дигар пешравиҳои муҳими ҳаёти донишгоҳ андеша ронда саҳми Шарифҷон Акрамовро дар амалисозии ин тадбирҳои неку муфид алоҳида зикр кардан лозим аст.

Тинати ин марди хирадро аз некию накӯкорӣ сириштаанд. Ӯ ба ҳайси намояндаи Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1995-2005), намояндаи ДДҲБСТ дар ҳавзаи илмии Москва (соли 2009-2012) ва айни замон  ҳамчун намояндаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар Маскав  ҳамеша дар такопӯи он аст, ки ба ҳар тоҷику Тоҷикистонии дар муҳоҷирату мусофират Қарордошта дасти мадад дароз намояд, дар ҳалли мушкилоташон мусоидат кунад. Ӯ бо рафиқи ҳамкораш, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳалимҷон Зоидов барои тарбияи шогирдони сазовор, рушди илми тоҷик вусъати ҳамкориҳои судманди олимони тоҷику рус монда нашуда заҳмат мекашад.

Ҳамин аст, ки муҳоҷирони тоҷик ва бисёре аз унвонҷӯуну аспирантони корафтода дар ҳаққи ин инсони наҷибу сарбаланд суханҳои некро арзонӣ медоранд. Зеро бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи ӯ даҳҳо нафар сазовори унвонҳои илмии номзадиию докторӣ гаштаанд. Инчунин вай дар кори нострификатсияи дипломҳои мактабҳои олии Тоҷикистон пайваста саҳмгузорӣ мекунад.

Инсони наҷибу олими варзида Шарифҷон Юлдошевич Акрамов имрӯз ба синни мубораки 60-солагӣ расидааст. Хеле хушу гуворо аст, ки ба ин муносибат ӯро шогирдону ҳамкоронаш аз тамоми манотиқи кишвар табрик мегӯянду арзи эҳтиром ва таманниёти нек мекунанд. Мо низ ба ин табрики самимӣ шарик шуда, ба дӯст ва бародари азиз Шарифҷон Акрамов саломатӣ, равнақу барорҳои кор ва дар рӯзгору таҳқиқоти илмиаш шасти тоза таманно мекунем.

Осимҷон КАРИМОВ
сардори раёсати маорифи вилоят,
доктори илмҳои таърих, профессор