Сухан оид ба сифати таълим

Аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрии методӣ ба мудир ва мушовирони кабинетҳои  методии назди раёсат ва шӯъбаҳои маориф, бо дастгирии барномаи минтақавии лоиҳаи “Хониши босифат” ба қарибӣ дар муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи хонандагони лаёқатманди шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Аминҷон” семинар – машварати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар семинар – машварат, ки намояндагони раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ширкат доштанд, оид ба масъалаҳои пешбурди кори таълиму тарбия, усулҳои таълим дар низоми таълими салоҳиятнокӣ, истифодаи усулҳои манфиатбахши таълим дар машғулиятҳои дарсӣ ва ғайра маърӯзаҳои пурмазмуни масъулин аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ шунида шуданд.
Шоистаи қайд аст, ки як қатор  намояндагони раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоятамон  низ дар иртибот ба масъалаҳои пешбурди кори таълиму тарбия андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Семинар – машварат хеле судманд ҷараён гирифт.

Б.ХОҶАЕВ,
мутахассиси пешбари шӯъбаи
таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи
умумии Раёсати маорифи вилоят

“Таҷассумгари олами рангини кӯдакон”

Таҳти ҳамин унвон дар толори китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ба ифтихори 85 – умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Убайд Раҷаб маҳфили шеърхонӣ баргузор гардид. Адибони маъруф Саидамин Ҷило, Маъруф Бобоҷон, Ӯлмаси Хол иштирокчиёни маҳфили адабӣ буданд. (далее…)

Ғолибони озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» муайян гардиданд

    озмунДар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят бахшида ба “Соли ҷавонон” озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Дар озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ», ки дар ду бахш миёни донишҷўён, магистрантон, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқони ҷавон (то 30-сола) ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла, “Омўзиши китобҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, “Муаррифии асарҳои ноомўхтаи донишмандони тоҷик”, “Ҷавонони соҳибтаълиф”, “Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ”, “Ҳифзи матнҳои адабӣ”, “Омўзиши асарҳои адабӣ” гузаронида шуд, 152 нафар довталабон иштирок намуданд. (далее…)

Дастаи вилояти Суғд – дар ҷойи аввал

r-maorifАкадемияи хурди илмҳои вилояти Суғд таҳти сарпарастии Раёсати маориф ва мактабҳои олии касбии қаламрави вилоят фаъолият мебарад.
Академияи хурди илмҳо – иттиҳодияи ихтиёрии эҷодии толибилмону хонандагони синфҳои болоӣ буда, вазифадор аст, бобати ба корҳои эҷодӣ, илмиву техникӣ ҷалб намудани хонандагон, рушди маърифат, малакаи кори илмиву тадқиқотӣ, ихтирооту таҷрибаро вақтҳои берун аз машғулиятҳои таълимӣ таҳти сарварии олимон, омӯзгорони мактабҳои олӣ, таълимгоҳҳо, мутахассисони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ  пурзӯр созад.
Сессияи Академияи хурди илмҳо беш аз 40 сол аст, ки амал мекунад. (далее…)

«Ҳозирҷавобони наврас»-и шаҳри Гулистон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

     фотоБо ташаббуси телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» озмуни «Ҳозирҷавобони наврас» байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кишвар давом дорад. Дар асоси Низомнома даври якуми озмун дар муассисаҳои таълимӣ ва даври дуюм дар шаҳру навоҳӣ сурат гирифта, ғолибони даври шаҳру навоҳӣ дар вилоят дониш ва маҳорати худро санҷиданд. (далее…)

ДОНИШИ ЭКОЛОГИРО ТАҚВИЯТ БАХШИДАНД

      20170429_122146Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид санаҳои 28-29 апрели соли равон дар меҳмонхонаи “Лотос”-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндагони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷулма, омӯзгорони фанҳои биология, география ва экологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Усулҳои инноватсионии баландбардории савияи дониш оид ба тағйирёбии иқлим” баргузор гашт, ки дар он беш аз 53 нафар иштирок доштанд. (далее…)