СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ

    DSCF1094Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилоят ва филилали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд дар гимназияи рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинари дастурдиҳӣ бо мудирони кабинетҳои методӣ, мушовирон, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва омӯзгорони пешқадами соҳаи маориф баргузор гардид.
Директори ФМДДҶИБКСМ дар вилояти Суғд Муҳаммадҷон Исматдинов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории чунин чорабиниро дар баланд бардоштани савияи дониш, маҳорати педагогии омӯзгорон нек арзёбӣ намуд.
DSCF1090 Абдураҳим Қурбонов, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят, зимни баромади хеш аз дастовардҳои омӯзгорони вилоят дар ҷодаи таълиму тарбияи хонандагон, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз устодони навовару масъулиятпеша, роҳҳои мақсаднок гузаронидани машғулиятҳо, омодагии омӯзгорон ба дарс, истифодаи васеи дастгоҳҳои аудиовизуалӣ сухан ронд.
Дар қисмати дуввуми семинар дар 33 бахшҳои планери беш аз 400 нафар омӯзгорони вилоят бо ташкили дарсҳои устодони навовари ҳамаи фанҳо ошноӣ пайдо намуданд.

Бо ҳамин кори семинар анҷом пазируфт.

КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ БОМУВАФФАҚИЯТ РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАНД

02Дар вилояти Суғд  дар ду марҳила курсҳои омӯзишии муносибати болсалоҳият ба таълими фанҳои забони тоҷикӣ, математика ва технологияи (таълими меҳнат) баргузории 98 курс бо фарогирии зиёда аз 2700 нафар омӯзгорон – роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, математика ва технологияи (таълими меҳнат)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар дошта шудааст. Дар марҳилаи аввал 64 курсҳои омӯзишӣ бо фарогирии 1864 нафар омӯзгорон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкилу баргузор гардиданд. (далее…)

ПОДОШИ МЕҲНАТИ БОСУБОТ

     Беш аз сад нафар омӯзгорони навовару эҷодкоре, ки ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи маориф ноил шудаанду шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ мақомҳои шоистаро касб кардаанд, бо эҳтимом ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар истироҳатгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистон  ройгон ба истироҳату табобат ҷалб шуданд.
Рӯзи гузашта аз ҷониби Раёсати маорифи вилоят омӯзгорони пешқадам аёдат ва бо баргузории чорабинии фарҳангӣ хотири истироҳаткунандагон шод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст, ки бо иқдоми бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар давраи таътили зимистона ва тобистонаи соли хониш сад нафарӣ устодони фаъол ба истироҳату табобат ҷалб карда мешаванд.
Дар баробари устодон шогирдон низ аз чунин ғамхориҳо бебаҳра намемонад.
Ҳамасола дар давраи таътили зимистона ва тобистона наздики 100 нафари хонандагон ба  муассисаи солимгардонӣ ва истироҳатии ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истироҳат фаро гирифта миешаванд.