«ТОҶИКИСТОН – САРЧАШМАИ ОБҲОИ ЗУЛОЛ»

20180316_103832Чунин унвон дошт озмуне, ки бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018-2028 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар озмун ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ширкат доштанд

Озмун аз рӯи 3 бахш- ташкили намоишгоҳ, маҳорати рассомӣ, газетаи девории беҳтарин доир гардида, ҳайати доварон аз Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд, бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон Парпиев  ба ҳунару малака ва истеъдоди иштирокчиён баҳои воқеӣ гузоштанд.

Дар бахши «Ташкили намоишгоҳ”ҷойи аввал насиби Қосимов Бойназар хонандаи синфи 8 МТМУ № 2 -и ноҳияи Ашт; гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро Сатторов Ҷасур, хонандаи синфи 8, МТМУ № 2-и шаҳри Истиқлол ва Сарвинози Ислом, хонандаи синфи 9, МТМУ №1-и ноҳияи Мастчоҳ ишғол намуданд.

Дар  бахши «Маҳорати рассомӣ” Муродов Шохруҳ, хонандаи синфи 11, Литсейи №1-и ноҳияи Ҷ. Расулов пирӯз шуда, Ҳакимов Аҳадҷон хонандаи синфи 10, МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд ва Худойбердиев Диловар, хонандаи синфи 9, МТМУ №31-и шаҳри Исфара зинаҳои ифтихории дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.

20180316_125404Дар бахши «Газетаи девории беҳтарин”ҷойи аввалро  Зоиров Мунирҷон, хонандаи синфи 7, МТҒ “Паймони Азизон”-и шаҳри Хуҷанд гирифт. Ба мақомҳои дуюму сеюм  Авезова Ясмина, хонандаи синфи 10, Гимназияи №1-и шаҳри Бӯстон ва Норматов Рӯшандил  хонандаи синфи 10, МТМУ №33-и шаҳри Конибодом шарафёб шуданд.

Ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

ТАБИАТИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕМ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»,  фаъол гардонидани маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва  Маркази таҳсилоти иловагӣ дар самти омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018-2020» ва тибқи нақшаи кории шӯъбаи “Табиатдӯстон” ва “Сайёҳӣ – кишваршиносӣ”-и  Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят мизи мудаввар гузаронида шуд. (далее…)

ЭҲЁИ БОЗИҲОИ МИЛЛӢ БАҲРИ ХУДШИНОСИИ НАВРАСОН

DSCF2849Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят санаи 18-уми марти соли равон дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Осим Каримзода —  сардори Раёсати маориф ва илми вилоят иштирокчиён ва меҳмонони чорабиниро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки мақсад аз гузаронидани чорабинӣ аз нав эҳё кардани бозиҳои миллии ниёгон, бедор кардани ҳисси хонандагон нисбат ба анъанаву бозиҳои миллӣ, ташвиқоту тарғиботи он байни мактабиён ва ботантана ҷашн гирифтани Иди Наврўз мебошад.

DSCF2859Сипас хонадагони боистеъдоди шаҳру навоҳии вилоят дар намудҳои бозии миллии бодбаракпарронӣ, лалакпарронӣ, чиллак, ланка, ошуқбозӣ, арғамчинбозӣ, лаппак ва ҳаппак чусту чолокии худро нишон доданд.

28 нафар ғолибони бахшҳо бо тўҳфаҳои Раёсати маориф ва илми вилоят дар вилояти Суғд сарфароз гардида, ҳамчунин 40 иштирокчиёни фаъол бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд. Ба 10 нафар ширкаткунандагон тӯҳфаи Сардори Раёсати маорифро Осим Каримзода дар вазъияти тантанавӣ супориданд. Барои 60 нафар иштирокчиёни хурдсоли бозии миллӣ тӯҳфаҳо аз қабили шириниҳо тақдим карда шуд.