САТҲ ВА СИФАТИ ТАРБИЯ — АСОСИ ПЕШРАФТ

8W3A2161Дар  Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовинони вазир, муовини Раиси вилоят Назир Ғаффорӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, кормандону роҳбарони шуъбаҳои Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни бинои кохи фарҳангӣ намоиши дастовардҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Вазири маориф ва ҳайати ҳамроҳони ӯ зимни азназаргузаронии намоиши мазкур ба фаъолияти илмӣ, вазъи пояи моддиву техникии донишгоҳу донишкадаҳо  баҳои баланд доданд. Ҳамзамон  аз ҷониби Вазир дастур дода шуд, ки донишҷӯёну омӯзгорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳар вақта дида бештар саҳм гиранд. (далее…)

Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

akademyaТибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дастаи хонандагони вилояти Суғд дар 40-умин сессияи баҳории ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Аз вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо наздик 300 нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд бомуваффақият иштирок намуда бо касби 276 ҷойҳои ифтихорӣ, сазовори ҷойи аввал дар ҷумҳурӣ гардидаанд. (далее…)

ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ХОНДАГОНИ ВИЛОЯТ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

IMG-c013ef64750f67233433c2f087df544d-VСанаҳои 12 -13 майи соли равон  дар литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бори  аввал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ миёни хонандагони синфҳои 5-8 Олимпиадаи ҷумҳуриявии аз рӯи фанҳои дақиқ  баргузор гардид. Дар олимпиада 259 хонанда аз муассисаҳои таълимии вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Шарафи вилояти Суғдро дар ин озмуни бонуфуз 58 нафар ғолибони даври вилоятӣ ҳимоя намуданд. Довталабон аз фанҳои физика, химия, математика, география, биология ва технологияи иттилоотӣ маҳорату дониши худро санҷиданд. (далее…)

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «ТЕХНИКОНИ НАВРАС»

teknik 7Дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи  Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ  ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашурматов озмуни вилоятии “Техникони наврас” баргузор гардид.

Мақсад аз гузаронидани ин озмун ҷалби бештари хонандагон ба равияҳои техникӣ, бедор намудани шавқи онҳо ба озмуни “Техникони наврас”, омӯзиши техника ва ихтироъкорӣ, вусъат додани интихоби касб дар байни хонандагон аз тарафи масъулин арзёбӣ шуд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт зимни баромади худ қайд кард, ки бо дастгирии мардуми саховатманди ноҳия, ҷомеаи омӯзгорон ва соҳибкорон тариқи ҳашар сохтмони бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ, ки соли 2002 дар натиҷаи сухтор корношоям гардида буд, барои фаъолият сохта ба истифода дода мешавад. Хушбахтона имрӯз корҳои сохтмонӣ ва пардозкунӣ ба охир расида, Маркази таҳсилоти иловагӣ дар арафаи ба истифода супоридан қарор дорад.teknik 12

Фирдавс Ашурматов директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд зимни суханронии худ иброз дошт, ки баргузории озмуни вилоятии «Техникони наврас» бозгӯ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф мебошад. Ӯ иброз дошт, ки даври минтақавии озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят пуршукуҳ баргузор гардида аз 3000 иштирокчиён наздик 300 нафар хонандагони фаъол ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Озмуни вилоятии “Техникони наврас” аз рӯи 7 бахш – радиоконструкторӣ, авиамоделӣ, машинаҳои ояндаи коинот, автомоделӣ, киштии ояндаи обӣ, шаҳри оянда ва ихтироъкорӣ доир гардид, ки дар он беш аз 300 нафар хонандагон аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Инчунин ба ин озмун ба ҳайси довар Набиҷон Муҳаммадҷонов сармуаллими кафедраи технологияи ДДХ, Муродҷон Қӯзиев дотсенти кафедраи технологияи ДДХ, Валӣ Қобилов дотсенти Донишкадаи куҳӣ металлургии Тоҷикистон, Уктам Юлдошев корбари пешбари илмии Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Ҳусейнов мушовири маркази миллии патенту иттилоот дар вилояти Суғд ва Ҳакимҷон Шамсиев намояндаи маркази патенту иттилоот дар вилояти Суғд даъват шуда буданд.

Дар ҷамъбасти озмуни вилоятии “Техникони наврас” дастаи хонандагони шаҳри Хуҷанд ҷои аввал, дастаи шаҳри Конибодом ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Ашт ҷои сеюмро ишғол намуда, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати маорифи вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни вилоятии “Техникони наврас” бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Суғд ҳамасола гузаронида мешавад.

9 МИЛЛИОН ТАМОШОБИНИ КЛИПИ КӮДАКОНИ ТОҶИК ДАР 7 РӮЗ! (ВИДЕО)

Смегулянка9 миллион тамошобин, 120 ҳазор «класс” ва 6500 бознашр дар ҳамагӣ як ҳафта! То ҳол ягон клипи тоҷикӣ дар Интернет мисли намоҳанг (видеоклип)-и таронаи машҳури «Смуглянка” дар иҷрои кӯдакони тоҷик аз боғчаи бачагони «Гулшан” аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ин қадар шӯҳрати бузург ба даст наоварда буд!

Намоҳанг (видеоклип)-и таронаи машҳури солҳои Ҷанги ватанӣ бо номи «Смуглянка” дар иҷрои кӯдакони тоҷик аз боғчаи кӯдакони рақами 6-ум «Гулшан” аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба фатҳи рекордҳои навбанав дар Интернет идома медиҳад. (далее…)