Чиҳати рушди ҳамкорӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб

Чанд муддат қабл бо ташаббуси филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд бо иштироки зиёда аз 300 нафар омӯзгор ва кормандони соҳаи маориф — масъулини Раёсати маорифи вилоят, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони кабинетҳои   методӣ, мушовирони фаннӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва омӯзгорони  пешқадаму навовар дар толори Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон семинари вилоятии дастурдиҳӣ баргузор гардид.

 Директори филиали Донишкада М.Исматдинов  роҷеъ ба моҳият ва ҳадафҳои баргузории ҳамоиши мазкур, рушди ҳамкориҳои филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кабинетҳои методӣ , дастовардҳои ФМДДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд ҷиҳати пешбурди корҳои таълимию методӣ, илмӣ  сухан намуд.

IMG_6300Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд профессор  Каримзода О.Қ дар суханронии хеш роҷеъ ба раванди татбиқи ислоҳот ва созандагиву бунёдкорӣ дар соҳа, дастовардҳои муҳими маорифчиёни вилоят дар иртибот ба таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нисбати  соҳаи маориф ҳарф зада, баргузории чорабинии мазкурро дар самти татбиқи навгониҳо дар соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадам, дастовардҳои илмӣ-педагогӣ, эҷодкорӣ, муайян намудани роҳҳои самарабахши баланд бардоштани сатҳ ва сифати таҳсилот муҳим арзёбӣ намуд.

Кори семинар дар 23 бахш: фанҳои гуманитарӣ, техникӣ, табиӣ -риёзӣ, муассисаҳои томактабӣ  ва таҳсилоти ибтидоӣ, бахшҳои марбут ба ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  идома ёфт.  Бахшҳоро омӯзгорони соҳибтаҷриба ва устодони соҳибкасб роҳбарӣ  намуданд. Дар ҷараёни кори бахшҳо доир ба масоили муҳими таълим, аз ҷумла навгониҳои раванди таълиму тарбия, ҳалли муаммоҳои ҷойдошта, ивази таҷрибаи пешқадам, истифодаи самараноку васеи он дар ҷараёни таълиму тарбия, коркарди роҳҳои самарабахши татбиқи таълими босалоҳият ва монанди инҳо мубодилаи афкор сурат гирифтанд. Қобили зикр аст, ки қабл аз оғози ҳамоиш иштирокчиён филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам”-ро, ки доир ба амалҳои тахрибкорона ва моҳияти террористию экстремистии Ҳизби мамнӯъгардидаи наҳзати исломии Тоҷикистон нақл менамояд, тамошо намуданд. Ҳамчунин, тамошои филми мазкур бо иштироки омӯзгорону кормандони филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ  дар толори гимназияи №2-и ноҳияи Б.Ғафуров, иштирокчиёни семинари омӯзишӣ , ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» барои омӯзишҳои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, гурӯҳҳои тоҷикӣ  ва русӣ  дар Осоишгоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон  чараён дошт,, ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ зиёда аз 800 нафар омӯзгорон онро тамошо намуданд.  Пас аз анҷоми намоиши филми мазкур иштирокчиён — кормандони филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандорни соҳаи маорифи дар вилояти Суғд, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят,  омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо амалҳои тахрибкорона ва моҳияти террористӣ  ва экстремистии ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро маҳкум намуда, баҳри муборизаи беамон нисбати хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат, озодию осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол якдилона Изҳорот қабул намуданд.

 

Ш.Рустамов,

номзади илмҳои  филологӣ

САЗОВОРИ 16 МЕДАЛИ ТИЛЛО

Дар Олимпиадаи байналмиллалии арифметикаи зеҳнии шаҳри Москва тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии “Пифагор”-и шаҳри Хуҷанд байни ҳамсолони худ аз Русия, Қазоқистон  ва Қирғизистон маҳорату дониши воло нишон дода, дар ҷамъбасти даставӣ бо гирифтани 5 ҷом ва 16 медали тилло сазовори мақоми аввал гардиданд. Боиси зикр аст, ки дар ин олимпиада хонандаи синфи 8 литсейи № 1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ғайрат Усмонов дар зарфи 25 дақиқа 210 мисолро ҳал намуда, соҳиби унвони “Устоди арифметикаи зеҳнӣ” гардид.

Дастовард

Дар озмуни довталабони аттестати аълои унверсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестатӣ аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, ки дар таърихи 19 — 20 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ду нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ ва медали тилло, чор нафар хатмкунандагони литсейи № 1 -и шаҳри Хуҷанд бо аттестати равияи табиӣ-риёзӣ  ва медали нуқра сазовор гардиданд. Инчунин 5 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят барои иштироки фаъолона дар озмун бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд.

БАДГУҲАРОНИ КӮРНАМАК

    Амали ноҷавонмардонаеро, ки рӯзи 29 июл дар шоҳроҳи Данғара- Душанбе дар мавзеи Себистон аз ҷониби чанд тан ҷавонони гумроҳ ба вуқӯъ пайваст, бо як ҷаҳон андӯҳу надомат қабул кардам. Ҳадафи ин амали ноҷавонмардона, ки аз ҷониби ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ дар ҳамбастагӣ бо ДИИШ тарҳрезӣ гардида, аз ҷониби пайравони гумроҳи он содир шудааст, ин халадор кардани оромии кишвар, латма задан ба мавқеъ ва обрӯи Тоҷикистони орому осоишта, пеш овардани монеа барои вориди шумораи зиёди сайёҳон равона гардидааст.
Бале, рушди кишвари азизро баъзе нохалафон таҳаммул карда наметавонанд. Аз ин рӯ, бо амалҳои ифроткоронаи худ мехоҳанд обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар байни дигар кишварҳо паст зананд.
Ҳар амали бадро подоше ҳаст. Магар ин нафарон намедонанд, ки ин амали ноҷавонмардонаашон нафрати халқро нисбаташон меафзояд, дуои бади халқ мегирад. Маълум, ки барои ин ифротиён манфиати моддӣ аз манфиати халқу Ватан болотар меистад. Пас инҳо ватанфурӯшонанд, ки ба чанд фулусе оромию осоиши Тоҷикистони азизро иваз намудаанд. Ба истилоҳи дигар ин хоинони миллат кӯрнамак ҳастанд, солҳо нони миллати тоҷикро хӯрдаанд, дар беҳтарин таълимгоҳҳо аз омӯзгорон сабақ омӯхтаанд. Имрӯз бошад, саркардагони ватанфурӯши ҳизб дар кишварҳои Аврупо ба сар мебаранд ва сайёҳони онҳоро мекушанд.
Имрӯз мардум саркардагони ҷанги бемаънии таҳмилии солҳои навадуми қарни гузаштаро бо нафрату надомат ба хотир меоранд ва албатта, ин ҷавонони гумроҳи фурӯхташуда, ки ба номи саркардаи худ Ал- Бағдодӣ қасам ёд кардаанд, ба нафрати сахти халқ гирифтор мешаванд.
Бо ин кирдори нангин террористон ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор доданианд, ки мақсади бунёди давлати исломиро доранд. Аммо, давлати бунёдменамудаи онҳо чӣ давлате хоҳад буд, ки аслаш қатлу куштор, тарсу ваҳм, нафрат ба дигар дину фарҳанг аст?
Бо ин амали хоинонаи худ гумроҳони наҳзатӣ мехоҳанд тухми кинаву адоватро байни мардум паҳн намоянд. Ҳодисаи мазкур моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати ҳар гуна ҷинояткорон бетараф набошем, дар тарбияи ватандӯстии насли наврас ҷиддан саъй варзем. Имрӯз дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, барои ваҳдату ягонагӣ, аҳлию тифоқии дӯстиву рафоқат ва муҳимтар аз ҳама барои баланд бардоштани савияи дониши сиёсии ҷавонону наврасон беш аз пеш кӯшиш ба кор барем.

Осим Каримзода,
сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд

ҲАЁТИ МУЗАФФАРРО ҲИФЗ НАМОЕМ

    Мардони рӯзгоршинос ҳамеша мекӯшанд, ки дар гуфтори хеш сухани малеҳ истифода кунанд ва дар фаъолияташон манфиати халқу Ватанро дар мадди ававал гузоранд. Онҳо нияту мақсад доранд, ки бо меҳнати садоқатмандона хонадони худро обод, мамлакатро шукуфоӣ оранд. Ҳаёти осуда, зиндагии ширин, сару баланду хотири ҷамъи халоиқ ормони онҳо аст.
Мардуми тоҷик толеи баланд доранд, ки таҳти роҳбариву роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии хуррамро соҳибанд. Тамоми гӯшаву канори мамлакат бо суръати баланд ободу зебо шуда истодааст, мардум саросар бо дили гарм бо истифода аз истеъдоду маҳорат меҳнат мекунанд.
Вале дар ҷамъият нафароне ҳастанд, ки чашмони ҳайвонӣ доранд ва ин ҳама тараққиёти Ватан, шодиву нишоти кулли мардумро дида наметавонанд.
Ҳодисаи нанговаре, ки рӯзи 29 июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст, дили бандаро абгор кард. Амале, ки чор хоин бо шаш ёвари худ кардаанд, ҳайвони ваҳшӣ ҳам ба ин дараҷа намекунад. Қисме аз онҳо ҳаёти худро бохтанд, боқимондагон дар торикистон мемонанд. Ин нотавонбинон ҳам падару модар ва наздикону пайвандон доштанд, наход онҳо рафтори фарзандонашонро мушоҳида накарданд? Имрӯз сари ҳамаи онҳо назди мардум хам ва забонашон кӯтоҳ шуда монд. Дар амали ҳар кадоми онҳо бемасъулиятӣ ва бетарафиро мебинам.
Рафтори ин нотавонбинонро сахт маҳкум намуда, пайравони онҳоро ёдрас мешавам, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд, ҳаёти дилхоҳро соҳиб намешаванд.

Набиҷон Пӯлодов,
собиқадори соҳаи маориф

ҲАР АМАЛРО ПОДОШЕСТ

    Тариқи расонаҳои хабарӣ аз фоҷеае, ки рӯзи 29 июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данҳара ба амал пайваст огоҳӣ ёфтам. Ин хабар қалбамаро моломоли дарду ҳам намуд. Магар мардуми ношукр фоҷеаҳои солҳои душвори ҷанги бемаънии шаҳрвандиро аз хотир фаромӯш сохтаанд, ки боз ба чунин амалҳои ноҷавонмардона даст мезананд. Ҳанӯз даҳ аср муқаддам одамуушуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ подош доштани ҳар амалро бо шоҳбайташ таъкид дошта буд:

Чун теҳ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Дар назди Худованд бадӣ нест фаромушт.

    Ҳикмати ин гуфтаҳо он аст, ки бояд ҳар амалро қабл аз вуқӯъ андеша бояд кард. Нохалафон зимни куштори шахсони бегуноҳ магар наандешиданд, ки фарҷоми ин кирдори ношоистаашон вой аст? Баробари ба нафрати халқ гирифтор шудан ин рафтори онҳо ба обрӯи сиёсии кишвари азиз лакнат зад.
Дилам баробари кушташудагони хориҷӣ ба ҳоли волидони ҷавони ифротии гумроҳшуда реш — реш мешавад, ки ин кирдори фарзхандони худро чи гуна таҳаммул мекарда бошанд? Аммо андешаи дигар маро ором намегузорад. Баъзе аз ин нафарон бо вуҷуди синну соли ҷавонӣ аллакай мактабҳои террористии хориҷиро гузашта, дар зеҳну тафаккури худ ончунон нафрат ба халқ ва мардуми осоишта ҳосил кардаанд, ки оқибаташ вой аст.
Таърих собитгари он аст, ки тоҷикон дарозои арзи ҳастии худ боре ба сари ягон миллат сар набардоштаанд, балки бо нерӯи ақлу заковат, меҳнату бунёдкоронаи хеш дар тамаддуни башарӣ нақши мондагор доранд. Мо пас аз ҳазор сол бо хунбаҳои садҳо ҷавонон соҳиби як мулки ободу озод гардида, таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол кишварамонро ба сӯи ободиву пешравӣ бурда истодаем. Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳои хеш қайд мекунанд, ки чунин миллати соҳибхирад, заковатманд, сабуру таҳаммулпеша дар ягон олам нест. Маҳз аз як гиребон сар баровардан, якҷоя меҳнати софдилона намудан моро дар ҳама ҷодаҳо пешрав намуда истодаааст. Пешвои мо онқадар дили бузург доранд, ки бовуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта дар Тоҷикистон ғами оламиёнро хӯрда, дар ҳалли мушкилиҳои глобалӣ аз қабили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ташаббускорӣ нишон медиҳанд.
Вале чанд тан ноҷавонмард бо амали тахрибкоронаи худ хостанд ба ҳамаи ин амалҳои нек хатти батлон зананд. Ҷомеаи ҷаҳон, халқ медонад, ки террорист Ватан, миллат ва дил надорад. Барои вай иҷрои супориши хоҷагони хориҷиаш муҳим асту бас.

Раҳматхӯҷа Зокиров,
мудири шуъбаи банақшагирӣ,
ояндабинӣ ва омори
Раёсати маорифи вилояти Суҳд

БАДХОҲИ КАСОН БА МАҚСАД НАРАСАД…

      Ҳар як халқу миллат сулҳу субот дӯстиву рафоқат ваҳдату ягонагиро орзу дорад, зеро фақат дӯстиву рафоқат ваҳдату ягонагӣ инсонро хушбахт менамояд. Аммо афроде ҳастанд, ки мехоҳанд ин орзуи тамоми аҳли башарро барҳам диҳанд.
Чун аз расонаҳои ватаниву хориҷӣ огаҳӣ пайдо намудем, санаи 29. 07 соли равон дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара як гурӯҳи бадхоҳон сайёҳони хориҷиро бо нақлиёт пахш намуда, гӯё ба садама дучор шуда бошанд ва бо ҳамин амалиёти нопок риштаи умри чанд нафарро барканданд. Аз рӯйи маълумотҳо чор нафар сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расида, чанд тани онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд. Албатта, ин кирдори онҳо беҷавоб нахоҳад монд. Зеро ҳар амал подоши худро дорад. Набояд ин ҳикмати ҳаётиро фаромӯш кард:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст, чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

     Аз ҳисоби ин ҷинояткорон як нафар аз тарафи мақомоти қудратӣ дастгир, чанд нафари дигар нобуд шуда, якчанд нафар дар ҷустуҷӯяенд.
Мо, аҳли кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ин амали ноҷавонмардона сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони ин шахсон ҳамдардии бепоён изҳор менамоем. Зеро воқеан ҳам, ин кирдор боиси ангезаи нафрати ҳамдиёрон гардида, мардумро ба ҳамдилию сарҷамъӣ водор менамояд.
Оянда мо, аҳли кормандони шуъбаи маориф баҳри рух надодани ин ҳодисаҳои нанговар тасмим гирифтаем, ки корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонону наврасон боз ҳам ҷоннок намоем ва насли созандаву бунёдкор тарбия намоем.

Аҳли маорифчиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров