ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОНИ НАВРАС ВА ҶАВОН»

222Санаи 12-13 октябри соли ҷорӣ дар МД «Китобхонаи Миллӣ» -и шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон созандагони Ватан» баргузор ва ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур наздик 500 нафар ҷавонон ва наврасони муассисаҳои таълимӣ ва олию касбӣ иштирок намуданд. Дастаи вилояти Суғд иборат аз 115 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷуёни донишгоҳҳои олии қаламравӣ вилоят  дар фестивали мазкур иштирок намуданд. Ҳамчунин аз вилояти Хатлон 109 нафар, ВМКБ-27 нафар, ноҳияҳои тобеъи марказ, шаҳри Душанбе, водии Рашт низ иштироки фаъолона доштанд. (далее…)

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ РӮДАКИХОНӢ

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара таҳти унвони «Забони модарӣ – забони назми оламгири Рӯдакӣ» озмун баргузор гардид ва 138 нафар ғолиби даври мактабӣ — хонандагони синфҳои 3 ва 11 дар озмуни шаҳрии рӯдакихонӣ иштирок намуданд.
Озмун чунин натиҷа дод:

Дипломи дараҷаи 1 насиби хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 Ҳадятулло Мамадов; дипломи дараҷаи 2 насиби хонандагони литсейи №2 Иқбол Темурҷонов ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 Нигора Фахриева; дипломи дараҷаи 3 насиби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 Исроил Шамсидинов, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 Хушноза Бобоева ва литсейи №1 Шукрулло Аҳадов гардид.
Дастаи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ва хонандагони зерин бо диплом сарфароз гардиданд:

Мастура Қаҳорова (аз м.т.м.у. №5);
Маҳбуба Ҷӯраева (аз м.т.м.у. №10);
Билол Шерализода (аз м.т.м.у. №3);
Акрамҷон Мавлонов (аз м.т.м.у. №32);
Оминахон Раҳимова (аз м.т.м.у. №6);
Меҳрона Холиқова (аз м.т.м.у. №31);
Муслима Мамадова (аз м.т.м.у. №1);
Гулҷаҳон Икромова (аз литсейи №2);
Гулҷаҳон Каримова (аз м.т.м.у. №1);
Меҳрона Султонова (аз м.т.м.у. №1);
Хонандагони мактаб-интернати махсуси қувваи босираашон суст, ки аз ашъори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сурудҳо замзама намуданд, бо диплом қадр карда шуданд.

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИВУ ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

     DSCF5014Бо дастгирии Мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят чорабинии идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар рафти суханрони муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ саҳми омӯзгоронро дар рушду нумуи вилоят наззаррас унвон намуда барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд.

   Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ дар вазъияти тантанавӣ ба чанде аз фаъолони соҳа ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Баъдан ба ҳамаи иширокчиёни конференсия, ки зиёда аз 200 нафарро ташкил менамуданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода супорида шуд.DSCF5024

    Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои охир бо дастгириву пуштибонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузории соҳаи маориф зиёд гардида, вазъи иҷтимоиву иқтисодии кормандони маориф рӯ ба беҳбуди ниҳодааст. Аз якуми сентябри соли ҷорӣ 15% зиёд гардидани музди маоши кормандони буҷҷетӣ аз ҷумла омӯзгорону кормандони соҳаи маориф боз далели ин гуна ғамхориҳост.

  DSCF5025Дар рафти чорабинӣ 68 нафар фаъолон, собиқадорон ва кормандони фаъоли муассисаҳои таълимӣ бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

    Дар қисмати дигари чорабинӣ санъаткорон ва хонандагони муасассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ барои болидагии рӯҳии иштирокчиён сурудҳо дар васфи ватан ва омӯзгор сароиданд.