Осим Каримзода, сардор Раёсати маорифи вилояти Суғд
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, дастовардҳои аҳли мамлакат дар соли 2018 зикр ва вазифаҳои минбаъдаи мардуми кишвар муфассал баён гардиданд.
Шоистаи қайд аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша зимни ироаи Паём рушду нумӯи соҳаи маорифро дар мадди аввал мегузоранд. Дар Паёми навбатӣ низ Президенти мамлакат баробари таҳлили ғамхоронаи бурду бохти соҳа барои боз ҳам рушду нумӯъ ёфтани соҳаи маориф дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки миллати босавод муҷиби пешравии ҳар давлату кишвар аст. Равона намудани таваҷҷуҳ ба беҳдошти сатҳу сифати таълим, рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ, пурзӯр намудани назорат барои баланд бардоштани дараҷаи дониши касбии омӯзгорон, пешгирии норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии мутахассисони ҷавон аз зумраи ҳидоятҳои Пешвои миллат буданд, ки дар Паём ифода ёфтанд. (далее…)