АНДЕШИДАНИ ТАДБИРҲО ЗАРУР АСТ

    DSCF9090Дар ҷаласаи навбатии ҳайати  мушовараи Раёсати маорифи вилоят, ки дирӯз бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони масъули дастгоҳи раёсат баргузор гардид, як қатор маъалаҳои муҳим ва мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳозирин аввал пешниҳодҳои Прокуратураи вилояти Суғд аз 15.11.2019, №8/356-19 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020”, аз 19.11.2019, №14/43сод-19 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда”-ро муҳокима намуда, ҷиҳати ислоҳи эродҳои баёншуда масъулинро вазифадор намуданд. (далее…)

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “МУРАББИЯИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН” ВА “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН” МУАЙЯН ШУДАНД

   DSCF9075Дар толори маҷлисгоҳи мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмунҳои “Мураббиии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини Раиси вилоят Оқилзода Зайнура Азимӣ ва муовини сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Нарзуллозода суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки озмунҳои вилоятии “Омӯзгори соли Тоҷикистон”, “Мураббии соли Тоҷикистон” аз зумраи тадбирҳои хеле муфид маҳсуб мешаванд, ки  ба дарёфти  омӯзгорону мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор мусоидат карда,  дар қадрдонии заҳмат, баланд бардоштани мақому манзалати ходимони соҳаи маориф дар ҷомеа, тарғиб ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам саҳми назаррас дорад. Таъкид шуд, ки шурӯъ аз соли 2020 озмунҳои мазкур мувофиқи фанҳои ихтисосӣ доир шуда, 13 нафар омӯзгорони болаёқат — ғолибони фании ҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.
DSCF9066Сипас  5 нафар ғолибони давраи якуми озмуни “Мурабии соли Тоҷикистон” аз шаҳру навоҳии Хуҷанд,  Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва кӯдакистони Президентӣ,  3 нафар ғолибони даври аввали озмуни “ Омӯзгори соли Тоҷикистон”  аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истиқлол, Деваштич  аз рӯи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ  вориди сабқат гардиданд. Тибқи баҳогузории ҳакамон Розия Нурматова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифта, дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” роҳхат насиби Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикӣ- физикии №1 -и шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали озмунҳои мазкур 17 нафар ғолибони сатҳи шаҳриву навоҳӣ  аз рӯи 5 шарт нерӯсанҷӣ намуда буданд.

РАҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

   DSCF9006Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Назаралиева, мутахассиси пешбари раёсати мазкур Дилбар Алихонзода, мудирону масъулини  шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсуси раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ доир гардид.
Семинарро муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов оғоз бахшида, баён дошт, ки тадбири мазкур барои ислоҳи камбудиҳои мавҷудаи соҳа дар самти низоми ҳуҷатгузорӣ мусоидат хоҳад кард.
DSCF9003Дилбар Алихонзода оид ба масъалаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, имтиёз ва роҳҳои  ҳавасмандкунии онҳо, Дилафрӯз Назаралиева дар бораи тарзи дуруст пур кардани шаҳодатномаҳои хатми синфи 9 ва 11, Набиҷон Раҳмонов, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят оид ба тарзи дуруст таҳия кардани ҳуҷҷатҳо барои мукофотҳои давлатӣ ва тариқи гузаронидани озмуни квотаи Президентӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сафияхон Каримова Шӯҳрат Азизов, мутахассисони пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят дар бораи эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ ва низоми фаъолияти онҳо, доир аз аттестатсияи навбатӣ гузаронидани омӯзгорон суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни семинар маърузачиён ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас доданд. Бо қабули қарорҳои оид ба масъалаҳои зикршуда семинар анҷом ёфт.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, “Маорифи Суғд”

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ

   Бо иқдоми филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Суғд дар толори Гиманазияи №2, ноҳияи Б.Ғафуров бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ» доир гардид.
Ҳамоишро директори филиали Донишкада М. Исматдинов ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба нақш ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдории давлат, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ ҳарф зад.
Баъдан дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  таҳия ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат», омӯзгори калони ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд Ҳ.Дадобоев «Саҳми Пешвои миллат дар густариши муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатияи) ДДҲБСТ дотсент, Б.Алимов, таҳти унвони “Ташаббусҳои созандагии Пешвои миллат дар рушди маорифи миллӣ», муовини директор оид ба илм ва инноватсияи филиал досент Ш., Рустамов дар мавзӯи «Пешвои миллат — муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол», омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №11, ноҳияи Б.Ғафуров Б.Қаҳҳорова маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Бахшида ба ин мавзӯъ дар толор  намоиши китобу асарҳои Пешои муаззами миллат, ҳамчунин китобу маҷмӯаҳои марбут ба самтҳои мухталифи фаъолияти серҷабҳаи Пешвои миллат, намунаҳои мақолаҳои манташир дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Боиси зикр аст, ки чорабинӣ дар якҷоягӣ бо омӯзгорону таълимгирандагони Гимназияи №2-и ноҳияи Б.Ғафуров ташкил ва баргузор гардида, аз ду қисмат – қисмати конференсияи илмӣ ва бахши адабӣ фарҳангӣ иборат буд. Дар бахши фарҳангии чорабинӣ савту навои ҷолиб, композитсияи адабӣ бахшида ба Пешвои миллат ва баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби таълимгирандагон ва аъзоёни маҳфилҳои гимназияи зикршуда ба чорабинӣ  шукӯҳи хоса зам намуд.

Шавкат Рустамов, муовини директор оид ба корҳои
илм ва инноватсия, дотсент

ДУ ДАСТОВАРДИ ЯК ДАСТА

   дубайБори нахуст дастаи хонандагони болаёқат аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят, ғолибони даври интихобии озмуни мазкур ихтироъкорони наврас  Парвиз Очилзода – хонандаи Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд, Нафиса Қобилзода — хонандаи МТҒ «Ирфон»-и шаҳри Хуҷанд, Манучеҳр Набиев – хонандаи муассисаи таълимии «Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон таҳти роҳбарии  Фирдавс Ашӯрматов — директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати иштирок дар озмуни байналмилалӣ  сафарбар гардиданд. (далее…)

ДАСТОВАРДИ ШОЁН

   DSCF9001Аз 25 октябр то 3 ноябр дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия бо ширкати 1000 нафар хонандагон аз 14 давлати  ҷаҳон аз фанҳои химия, биология, забони англисӣ, география ва математика олимпиадаи байналмилалӣ доир гардид.

   Шарафи вилояти моро дар ин озмуни бонуфуз 26 нафар хонандагони болаёқат таҳти роҳбарии сарвари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова ҳимоя карданд.  Хонандагони вилоят бо дарёфти  13 ҷойи аввал, 5 ҷои дуюм ва 8 ҷойи сеюм миёни давлатҳои ширкатварзида ҷои намоёнро ишғол намуда, ҳамчунин дар олимпиадаи даставӣ аз фанни биология соҳиби Ҷоми олимпиада гардиданд. (далее…)