НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ

   Бо иқдоми филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Суғд дар толори Гиманазияи №2, ноҳияи Б.Ғафуров бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ» доир гардид.
Ҳамоишро директори филиали Донишкада М. Исматдинов ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба нақш ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдории давлат, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ ҳарф зад.
Баъдан дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  таҳия ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат», омӯзгори калони ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд Ҳ.Дадобоев «Саҳми Пешвои миллат дар густариши муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатияи) ДДҲБСТ дотсент, Б.Алимов, таҳти унвони “Ташаббусҳои созандагии Пешвои миллат дар рушди маорифи миллӣ», муовини директор оид ба илм ва инноватсияи филиал досент Ш., Рустамов дар мавзӯи «Пешвои миллат — муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол», омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №11, ноҳияи Б.Ғафуров Б.Қаҳҳорова маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Бахшида ба ин мавзӯъ дар толор  намоиши китобу асарҳои Пешои муаззами миллат, ҳамчунин китобу маҷмӯаҳои марбут ба самтҳои мухталифи фаъолияти серҷабҳаи Пешвои миллат, намунаҳои мақолаҳои манташир дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Боиси зикр аст, ки чорабинӣ дар якҷоягӣ бо омӯзгорону таълимгирандагони Гимназияи №2-и ноҳияи Б.Ғафуров ташкил ва баргузор гардида, аз ду қисмат – қисмати конференсияи илмӣ ва бахши адабӣ фарҳангӣ иборат буд. Дар бахши фарҳангии чорабинӣ савту навои ҷолиб, композитсияи адабӣ бахшида ба Пешвои миллат ва баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби таълимгирандагон ва аъзоёни маҳфилҳои гимназияи зикршуда ба чорабинӣ  шукӯҳи хоса зам намуд.

Шавкат Рустамов, муовини директор оид ба корҳои
илм ва инноватсия, дотсент