РАҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

   DSCF9006Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Назаралиева, мутахассиси пешбари раёсати мазкур Дилбар Алихонзода, мудирону масъулини  шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсуси раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ доир гардид.
Семинарро муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов оғоз бахшида, баён дошт, ки тадбири мазкур барои ислоҳи камбудиҳои мавҷудаи соҳа дар самти низоми ҳуҷатгузорӣ мусоидат хоҳад кард.
DSCF9003Дилбар Алихонзода оид ба масъалаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, имтиёз ва роҳҳои  ҳавасмандкунии онҳо, Дилафрӯз Назаралиева дар бораи тарзи дуруст пур кардани шаҳодатномаҳои хатми синфи 9 ва 11, Набиҷон Раҳмонов, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят оид ба тарзи дуруст таҳия кардани ҳуҷҷатҳо барои мукофотҳои давлатӣ ва тариқи гузаронидани озмуни квотаи Президентӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сафияхон Каримова Шӯҳрат Азизов, мутахассисони пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят дар бораи эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ ва низоми фаъолияти онҳо, доир аз аттестатсияи навбатӣ гузаронидани омӯзгорон суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни семинар маърузачиён ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас доданд. Бо қабули қарорҳои оид ба масъалаҳои зикршуда семинар анҷом ёфт.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, “Маорифи Суғд”