ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “МУРАББИЯИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН” ВА “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН” МУАЙЯН ШУДАНД

   DSCF9075Дар толори маҷлисгоҳи мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмунҳои “Мураббиии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини Раиси вилоят Оқилзода Зайнура Азимӣ ва муовини сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Нарзуллозода суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки озмунҳои вилоятии “Омӯзгори соли Тоҷикистон”, “Мураббии соли Тоҷикистон” аз зумраи тадбирҳои хеле муфид маҳсуб мешаванд, ки  ба дарёфти  омӯзгорону мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор мусоидат карда,  дар қадрдонии заҳмат, баланд бардоштани мақому манзалати ходимони соҳаи маориф дар ҷомеа, тарғиб ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам саҳми назаррас дорад. Таъкид шуд, ки шурӯъ аз соли 2020 озмунҳои мазкур мувофиқи фанҳои ихтисосӣ доир шуда, 13 нафар омӯзгорони болаёқат — ғолибони фании ҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.
DSCF9066Сипас  5 нафар ғолибони давраи якуми озмуни “Мурабии соли Тоҷикистон” аз шаҳру навоҳии Хуҷанд,  Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва кӯдакистони Президентӣ,  3 нафар ғолибони даври аввали озмуни “ Омӯзгори соли Тоҷикистон”  аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истиқлол, Деваштич  аз рӯи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ  вориди сабқат гардиданд. Тибқи баҳогузории ҳакамон Розия Нурматова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифта, дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” роҳхат насиби Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикӣ- физикии №1 -и шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали озмунҳои мазкур 17 нафар ғолибони сатҳи шаҳриву навоҳӣ  аз рӯи 5 шарт нерӯсанҷӣ намуда буданд.