БАРНОМАСОЗОНИ ОЯНДА КИШВАРИ МОРО ШОИСТА МУАРРИФӢ НАМУДАНД

   IMG-d12bae6fa62284b0b3fb73bfc933e436-VДар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон даври ниҳоии Олимпиадаи Х1 Авруосиёгӣ ва Олимпидаи кушоди умумирусиягии даставӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Шарафи кишвари моро 7 даста  (як даста аз вилояти Суғд ва 6 даста аз шаҳри Душанбе) — ғолибони даври аввали озмун тариқи фосилавӣ ҳимоя намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки аъзои дастаи вилояти Суғд, се нафар хонандагони Литсейи физикӣ — математикии рақами 1 — и шаҳри Хуҷанд — Раҳимҷон Ҳакимов, Абдурафиқи Абдушариф ва Муҳаммадаюб Умаров таҳти роҳбарии омӯзгори литсей Ҳусейнҷон Ачилов аз фанни технологияи иттилоотӣ дар  Олимпиадаи Х1 Авруосиёгӣ сазовори ҷойи якум ва дар Олимпиадаи кушоди умумирусиягӣ сазовори мақоми сеюм гардиданд.  Ғолибият дар ин озмуни бонуфузи байналмилалӣ имкон дод, ки ҳар се ғолибон минбаъд таҳсили худро дар Донишгоҳи техникии Қазоқистону  Британияи шаҳри Алмаато ва дар Донишгоҳи Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома диҳанд.
Дар озмуни даставии Олимпиадаи кушоди умумирусиягӣ бошад, дастаи Литсейи физикӣ — математикӣ сазовори ҷой 3-юм гардид, ки беҳтарин дастовард миёни 256 даста аз давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаркулманофеъ мебошад.

Абдусабур Абдуваҳҳобов