Хонандагони синфи чоруми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №18, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки таҳсилашон ба забони русӣ мебошад, дарси ҳисоботӣ баргузор намуданд.
Санаи 09.05.2022 бо иштироки мудири маорифи ноҳияи Ашт муҳтарам Ҳайдарзода М. ва директори МТМУ рақами 48 шахси барӯманди деҳаи Бободархон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Холматов Абдуқодирро аёдат намуданд. Ба устод аз тарафи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. (далее…)
Субҳи имрӯз дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиесати Точикистон спартакиадаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон оғоз гардид. Спартакиадаро Самизода Мӯсобек — раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд оғоз бахшида, мақсади ташкили чунин чорабиниҳоро дӯстии байни омӯзгорону кормандон арзёбӣ намуд. Спартакиада аз рӯи чор намуди варзиш ҷараён дорад. Аз ҷумла шоҳмот байни мардон, шашка байни занон, волейбол байни мардон ва баскетбол байни занон.
Дар толори варзишии Гимназияи Гёте мусобиқаи шаҳрӣ марҳилаи дуюм оид ба волейбол бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рузи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамбаст гардид. Мусобиқаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои макомоти ичроияи хокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он 32 даста волейболбозон аз муассисаҳои таълими иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.
Дар машварати кории назди сардори Раёсати маорифи вилоят, ки санаи 7-уми майи соли 2022 бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони раёсат ва роҳбарони зерсохторҳо баргузор гардид, дар меҳвари таваҷҷуҳ – сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар шаҳри Истаравшан аз тарафи муассисаҳои таълимӣ баҳри муназзам нигоҳ доштани шароити тозагиву ободонӣ, вазъи санитарию эпидемиологии маҳал шанбегии навбатӣ гузаронида шуд. Талаботи муосири дарс истифодаи равишҳои навро дар таълими математика дар назар дорад. Дар ин раванд омӯзгор ҳангоми тайёрӣ ба дарс аз технологияи ҳисоббарор низ бештар истифода мебарад.
Дарсҳо бо истифода аз муаррифии соҳа бойтару самараноктар гардида, имкон медиҳанд, шавқу завқи хонандагон ба фани математика, фаъолияти маърифатӣ ва муносибати эҷодӣ инкишоф ёбад. Дар давоми фаъолияти корӣ ба хулоса омадам, ки агар ҳангоми фаҳмонидан муаллимон муаррифии компютериро истифода баранд ва ба тамоми меъёру талабот мувофиқ бошад, хонандагон камаш 10-20 фоиз беҳтар азхуд мекунанд.
Муаррифӣ дар дарс танҳо як восита аст, аз ин рӯ, он бояд ба таври қатъӣ ҳангоми зарурат истифода шавад.
Одамон дар як вақт на бештар аз се ҷузъ – далел, хулоса ва таърифро дар хотир дошта метавонанд. Ба сифати тасвир аҳамият додан лозим меояд, агар он баланд набошад, беҳтар аст, ки аз он даст кашидан лозим мебошад.
Беҳтараш видеоҳоро аз 4-5 дақиқа зиёд истифода бояд бурд. Ҳамзамон, ба ороиши эстетикии муаррифӣ диққати калон додан дозим аст. Барои ҳама слайдҳо як услуби ягона бояд интихоб карда шавад – тарроҳӣ набояд кӯдаконро аз маълумоти пешниҳодшуда парешон созад. Дар заминаи монохроматӣ иттилоот осонтар қабул карда мешавад. Кӯшиш кардан лозим, ки барои замина ва матн рангҳои муқобил истифода бурда шавад. Дар маҷмӯъ, равоншиносон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми муаррифӣ на беш аз се ранг истифода гарданд: яке барои замина, дигаре барои сарлавҳа ва сеюмӣ барои матн. Муаррифии мултимедиявӣ имкон медиҳад, ки на танҳо шавқу рағбатро ба мавзӯъ бедор созад, балки бо иҷрои дурусти техникӣ ва эстетикӣ, аёният, самаранокии дарсро таъмин намуда, тасаввуроти фазоии хонандагонро инкишоф дода, боиси баланд шудани сифати дониш мегардад.
Ойтӯтахон ҚОСИМОВА,
омӯзгори МТМУ №12, шаҳри Хуҷанд