Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят аттестатсияҳои аз синф ба синфгузаронидан ва хатм бомуваффақият ҷараён доранд.
Саҳифаҳои таърихи миллат бозгӯянд: Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари дастовардани Истиқлоли давлатӣ бо дахолати баъзе қувваҳои дохиливу берунӣ ба нооромиву ноамнӣ дучор гардид.
Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовини раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ғаффорӣ Назира Абдуллозода, нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Қодирҷонзода Абдуҷалол Қодир, раиси шӯрои иттифоқҳои касабаи коркунони соҳаи маорифи вилоят Самизода Мусобек Самӣ, масъулони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилоят мизи мудаввар дар мавзӯи “Муқовимат бо коррупсия – таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар» доир гардид.
Чорабиниро мудири шуъбаи кадрҳои Раёсати маорифи вилоят Набиҷон Раҳмонов ҳусни оғоз бахшида, салому паёми сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизодаро ба самъи ҳозирин расонида, таъкид дошт, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари хатарҳои терроризму экстремизм, ҳамчунин амалҳои ришваситонӣ ё ба истилоҳ коррупсионӣ ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои зиёди худ, алоҳида дар бобати муборизаи ҳамагонӣ бар зидди коррупсиониро яке аз унсурҳои пешрафтаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дониста, таъкид ба таъкид ҳамагонро барои решакан намудани ин доғи сиёҳи ҷомеа даъват менамоянд.
6-уми июни соли ҷорӣ дар “Кохи Наврӯз” Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили об, ки дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, зери унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” доир гардид, дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳити зист, уқёнусҳо ва моҳидорӣ Виргиниюс Синкявичюс, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ, намояндагони ташкилоту идораҳо ва зиёда аз 200 ҷавони фаъол аз 30 давлати дунё иштирок намуданд.
Сулҳу Ваҳдати миллӣ дар кишварамон – Тоҷикистони соҳибихтиёр, ҳақиқат ва воқеият аст, ки ба фарҳанги сулҳи ҷомеа табдил ёфтааст.
Як шиносам, ки аз илму маърифат, донишу фарҳанг бархурдор мебошад, гуфт: — ба назарам, барои он ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркориро гирифта бошем ва дигар ба иштибоҳе, ки солҳои 90-уми асри гузашта карда будем, роҳ надиҳем, бояд онро ҳаматарафа омӯзем, омӯхта бошем ва дар мактабу донишгоҳҳои қаламрави ҷумҳуриамон таълим додан ба мақсаду мувофиқ мебошад.
Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дер монданд ва мехоҳанд тавассути Маркази миллии тестӣ ба мактабҳои олӣ дохил шаванд ё ихтисосҳои қаблан интихобнамудаашонро иваз намоянд, расонида мешавад, ки нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми июн то 30-юми июн бақайдгирии хоҳишмандонро дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2- и шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ менамояд.
Ҳар шахсе, ки аз ҳавои сурурангези Истиқлоли давлатӣ ва фазои гуворои Ваҳдати миллӣ нафас кашида, баҳра мебардорад, дар ин сарзамини биҳиштосои қиёснопазир – Тоҷикистони маҳбубу азизу муътабар зиндагӣ мекунад, кору эҷод менамояд, бояд талош варзад, ки масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷомеаи муосир барои муборизаи беамон ба муқобили падидаҳои манфии иҷтимоӣ – мисли коррупсия ва ҷиноятҳои трансмиллӣ, терроризм ва экстремизм, ки таҳдиду хатари ҷиддӣ ба соҳибистиқлолӣ ва соҳибваҳдатӣ мебошад, баланд бардошта шуда, он ба фаъолияти доимӣ ва бомароми ҳар узви ҷомеаи муосири мо қарор бигирад. Масъулияти инсони комилу худшиносу худогоҳи ватандӯст аслан ҳамин аст!