Сухан аз натиҷаҳои фаъолият

    295503906_423119363195119_1336612329848320899_n Санаи 25 июли соли 2022 дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП – 1729 ва тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиёни вилоят дар нимсолаи аввали соли 2022 ва вазифаҳои навбатии ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз сухан рафт.

(далее…)

Рӯихати адабиёти тавсиявӣ барои хониши бадеии хонандагони синфҳои 9 ва 10 пешкаш мегардад:

Синфи 9
218. “Киштии сафед” ва “Ҷамила“ и Чингиз Айтматов.
219. “Шоҳ Лир “, “Отелло “ –и Шекспир .
220. “Ғурмагас “-и Войнич.
221. “Доғистони ман “-и Расул Ғамзатов.
222. “Вафо” –и Фотеҳ Ниёзӣ.
223. Ҷонибек Акобиров “Ҳикоя”.
224. Сайидои Насафӣ “Машъали нури таҷалло”.
225. Достони “Одамон аз Боми Ҷаҳон“-и Мирсаид Миршакар.
226. “Мунтахабот “-и Соиб.
227. Боқӣ Раҳимзода “Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе”, ”Маориф”
228. “Вафо “-и Фотеҳ Ниёзӣ. “Маориф”.
229. Абулқосим Лоҳутӣ ”Ватани кору хонаи ишқам”. “Маориф”.
230. Сотим Улуғзода “Халқи худро шинос”. “Маориф”.
231. Саттор Турсун “Се рӯзи як баҳор“. “Маориф”.
232. Сайидалӣ Маъмур “Марзи мурод“. ”Маориф”.
233. Камол Насрулло “Махмали оҳ”. “Маориф”.
234. Абдулҳамид Самадов ”Гардиши девбод”. ”Маориф.
235. Урун Кӯҳзод “Буротар зи теғ”. ”Маориф”.
236. Баҳманёр “Вақти гули бобуна“. “Маориф”.
237. Кароматуллоҳ Мирзо “Савори аспи сафед“. ”Маориф”.
238. “Ашъори мунтахаб “-и Шамсиддин Шоҳин.
Адабиёти дар таътили тобистона тавсияшаванда
239. Маснавии “Комде ва Мадан “-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ.
240. “Сармаддеҳ” –и Баҳманёр.
241. “Завол” –и Робиндранат Тагор.
242. А.Донте “Комедияи илоҳӣ”.
243. “Дон Кихот “-и Сервантес.

(далее…)

Муҷиби ифтихори миллӣ

292536010_411174937722895_7344979469709117128_n      Имрӯз мо — кормандони соҳаи маорифи кишварро Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни нави ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” басо шоду сарфароз гардонид. Ин ташаббуси навбатии оқилона ба ифтихори 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ гардидааст.
    Китоби “Тоҷикон”- и академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳақиқат, таърихи миллат, шиносномаи миллати номдори тоҷик маҳсуб меёбад. Бо гуфти Пешвои муаззами миллат: ” Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин инсони кураи замин аст. Асри ХХ ӯро ба мо ҳадя кард, ӯ аз худ нақши муайянро ба ҳамасрони худ гузошт. Вай олими машҳур, ходими бузурги ҷамъиятиву давлатие буд, ки дар миқёси ҷаҳонӣ мақоми хосса дошту мешинохтандаш. Мо дар назди ӯ, барои хизматҳои беҳисоби кардааш нисбат ба халқи худ қарздорем».
Сарвари давлат барои эҳтиром гузоштан ба хизматҳои фарзонафарзанди тоҷик ба ӯ аввалан унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистонро муносиб донистанд. Китоби “Тоҷикон”- имрӯз аз ҳисоби фонди захиравии Пешвои муаззами кишвар ба ҳар оилаи тоҷик тақдим гардидааст.
    Ҳадаф аз доир намудани озмуни навбатии ҷумҳуриявӣ ин аст, ки миллати тоҷик соҳиби тамаддуни ғании қадима буда, зиндагиномаи академик , аллома Бобоҷон Ғафуров ва китоби бебаҳои ӯ- ” Тоҷикон” намунаи олии худшиносӣ, ватандории миллати тоҷик мебошад. Дар замони соҳибистиқлолии Ватани аллома Бобоҷон Ғафуров омӯзиш ва тарғиби ин асар дар байни қишрҳои ҷомеа аз аҳамият холӣ нест. Озмуни мазкур метавонад, дар болоравии эҳсоси гарми ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии ватандорӣ бахусус, дар байни ҷавонон- насли ояндасози кишвар нақши мондагон гузорад.

Ҳадаф: таъмини иҷроиши Барнома

     IMG_9958Ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №443 “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022” аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳо оид ба ҷиҳозонидани синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ, компютерҳои нав, принтер, проектори мултимедӣ, тахтаи электронӣ ва пайваст намудани синфхонаҳо ба шабакаи дохилӣ ва Интернет корҳо бояд вусъат ёбанд.

(далее…)

«Шоҳи обон» баргузор гардид

      Бо мақсади ташкил намудани шароити мусоид баҳри фароғату истироҳати кӯдакон дар муассисаъои таьлимии томактабии шаҳри Хуҷанд бардамгардонӣ, обутобдиҳии бадани кӯдакон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон ҳамаи муассисаҳои томактабӣ ба реҷаи мавсими солимгардонии тобистона гузаронида шудааст.
Тибки нақша-чорабинии шуъбаи маориф байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии томактаби №1ва муассисаи таълимии томактабии №5 чорабинии » Шоҳи обон» баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин дар амал татбиқ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва обутоб додани кӯдакон тариқи об, ҳаво ва офтоб мебошад.

(далее…)

Мақсад — тарбияи маърифатнокӣ ва ҳисси зебоипарастӣ

     Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарори мушовараи Вазорати ма291608501_407274331446289_1077220211319727080_nориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.2019, №14/5 “Дар бораи рӯйхати адабиёти тавсиявӣ барои хониши бадеӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” дар давраи таътили тобистона бо мақсади бедор намудани завқу рағбати мутолиаи китоб, тарбияи маърифатнокӣ ва ҳисси зебоипарастӣ дар ниҳоди хонандагон рӯихати адабиёти тавсиявӣ барои хониши бадеӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумиро, ки мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, мувофиқи синфҳо бо навбат нашр мекунем.
     Бояд тазаккур дод, ки дар нимаи дуюми моҳи сентябр асарҳои мутолианамудаи хонандагон таҳлил гардида, хонандагон ва падару модари онҳо бо Ифтихорномаю Сипоснома қадрдонӣ мешаванд.

(далее…)

АЗ САМТҲОИ БАДРАФТОР, АЛҲАЗАР!

       Дар айни замон самтҳои асосии терроризми муосир ҷудо карда мешаванд:
Терроризми сиёсӣ (иҷтимоъӣ) як тактикаи муборизаи сиёсӣ мебошад, ки аз тарафи субъектҳои сиёсии зӯровар бо максади куллан ё қисман тағйир додани сохти конститутсионӣ ё сохти иқтисодии мамлакат (ё дар таҳдиди истифода шудан) истифода бурда мешавад. Субъектҳои терроризми сиёсӣ, чун қоида, партияҳои радикалии сиёсй, гурӯҳҳои алоҳида дар дохили партияҳо ё ҷамъияту иттиходияҳо, ташкилотҳои ифротӣ, ки шаклҳои ҳуқуқии муборизаи сиёсиро инкор мекунанд ва ба фишори зӯроварӣ такя мекунанд.
Терроризми миллатгароӣ дар таъқиби бартарии миллат ё нажоди муайян ифода ёфта, ба барангехтани таҳаммулнопазирии миллӣ, нафрат нисбат ба намояндагони халқҳои дигар нигаронида шуда, ҳадафи он бо даҳшад аз байн бурдани миллати дигар мебошад.
      Терроризми динӣ дар таҳаммулнопазирии шадид нисбат ба намояндагони динҳои гуногун ё бархӯрди оштинопазир дар доираи як эътиқод зоҳир мешавад.
Имрӯз тақрибан 200 намуди амали муосири террористӣ мавҷуд аст. Асосан инҳоянд:
• терроризми технологӣ;
• терроризми ҷиноӣ;
• кибертерроризм
Биотерроризм аз ҷониби террористон истифода бурдани микроорганизмҳои сироятҳои хатарнок мебошад, ки метавонад дар муддати кӯтоҳтарин боиси эпидемияҳои миқёси васеъ гардад.
       Терроризми экологӣ — таъсири террористон ба муҳити табиӣ, ки дар оянда мавҷудияти инсон мушкил ё умуман ғайриимкон хоҳад буд.
      Терроризми ҷиноятӣ аз ҷониби ҷинояткорон истифода бурдани усулҳои зӯроварӣ ва тарсондан, ки аз амалияи созмонҳои террористӣ гирифта шудааст, иборат аст.
       Кибертерроризм яке аз шаклҳои терроризми баландтехнологӣ мебошад. Ин шакли терроризм аз сабаби осебпазирии зиёди системаҳои компютерӣ барои идоракунии инфрасохтори муҳим (нақлиёт, нерӯгоҳҳои барқи атомӣ, обтаъминкунӣ ва энергетикӣ), ки ба Интернет пайвастанд, нигаронии хоси коршиносонро дорад.
Шарипова М.
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Кӯдаки солим-ояндаи солим!

      291453794_406555201518202_8434050605691661338_nАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи наврас, бахусус ба кӯдакони ятим ва бепарастор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди муносиби кӯдакон, устувор намудани солимии равонӣ ва ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирандешӣ мегардад.

(далее…)

САНГИ МАЛОМАТ НАЗАНЕМ!

          Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуб чун терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии кишварҳои саросари олам хатари ҷиддӣ эҷод намудааст. Аз ҷумла, натиҷаи ноогоҳӣ, ҷаҳолат, зиёдаравӣ, фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шудани қисми муайяни ҷомеа буд, ки воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳи 90-уми асри гузашта ба сари мардуми тоҷик омад.
    Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони дохилӣ ва хориҷии кишвар бо саркардаҳои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ байни минтақаҳои гуногуни кишвар низоъ ва кинаву адоватро паҳн карда, дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ, бесарусомонӣ ва беҳукуматиро ба миён оварданд, ки боиси ба таври куллӣ фалаҷ гардидани тамоми сохторҳои давлатӣ гардид.
        Ин ҷанги хонумонсӯз соли 1997 баъди байни мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ амалан ба охир расид. Вале саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзатӣ бо истифода аз ин имконият дар низоми давлатдории дунявӣ, ҳамчун як ниҳоди исломи сиёсӣ мақоми қонунӣ касб карда, тавонистанд, тариқи матбуоти расмии худ ғояи исломи сиёсиро пайваста тарғиб намоянд. Бо ин васила зина ба зина муносибати аъзои ин ташкилоти террористӣ бо Ҳукумати кишвар тағйир ёфта, боиси амали мусаллаҳона аз тарафи ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар моҳи сентябри соли 2015 гардид.
          Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон ва фаъолияташ дар қаламрави кишвар қатъ карда шудааст.
       Имрӯз саркардаи фирории ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бо ҳаммаслаконаш фаъолияташро дар хориҷи кишвар ба роҳ монда, ҳадафҳои нопоки худро нисбат ба давлату миллати тоҷик идома дода истодаанд. Аммо, хушбахтона метавонем гӯем, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон заррае ба ин хоинони давлату миллат таваҷҷуҳе надоранд ва ба муқобили онҳо муборизаи доимӣ бурда истодаанд ва мубориза хоҳанд бурд.
Бобозода М.
Раёсати маорифи вилояти Суғд.