Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид санаҳои 28-29 апрели соли равон дар меҳмонхонаи “Лотос”-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндагони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷулма, омӯзгорони фанҳои биология, география ва экологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Усулҳои инноватсионии баландбардории савияи дониш оид ба тағйирёбии иқлим” баргузор гашт, ки дар он беш аз 53 нафар иштирок доштанд.
Дар семинари мазкур 10 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти роҳбарии омӯзгори фанни биология, мутахассиси пешбари шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Раёсати маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев ширкат варзиданд.
Дар рафти ифтитоҳи семинари мазкур намояндаи шӯъбаи илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангов Р. ва намояндаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамов М.Т. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Семинари мазкур ду рӯз идома ёфта, ба омӯзгорон коршиносони варзида профессори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаюмов А.К. ва олимони соҳа аз Федератсияи Россия Сорокин Д.В. ва Малӣ Е.В. доир ба “Муаррифӣ ва шиносонӣ оиди тағирёбии иқлим бо истифода аз маводи «Қуттиҳои иқлим» ба иштирокчиён маълумотҳои анику дақиқ пешниҳод намуданд.
Иштирокчиён дар рафти семинар оид ба “Чорчӯбаи фазоӣ», презентатсияи лоиҳаи «Чорчӯбаи иқлим» ва як қатор маводҳо оид ба сохтор, кӯмакпулиҳо ва асосан ҳал намудани масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим маълумотҳо гирифтанд.
Пас аз ин таҷрибаи ба пешбарии пешниҳод намудани «Қуттиҳои иқлим» дар Россия аз ҷумла, баргузории чорабиниҳо, шунидани ақидаҳо, таҷрибагузорӣ, дарёфти корҳои хато ва тавсияҳо барои Осиёи Марказӣ оид ба равиши усусулу фаъолияти омӯзгорон, усул ва таҷрибаи истифода намудани “Қуттии иқлим” дар муассисаҳои таълимӣ дар намуди бозиҳои муштарак ва машқҳои дарсӣ намоиш дода шуд.
Пас аз баргузории семинар ба ҳамаи иштирокчиён аз ҷониби ташкилкунандагони семинари омӯзишии ҷумҳуриявӣ сертификатҳо дода шуд.
Абдусабури Абдуваҳҳоб