Санаи 1 июни соли 2017 дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» -и маркази вилоят бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ чорабинии идона баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ, ятимони кулл, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, байналмилалӣ, фосилавӣ, ғолибони сессияи Акадмияи хурди илмҳо, ғолибон ва иштирокчиёни як қатор озмунҳо, кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ беш аз 4 ҳазор нафар кӯдакон иштирок намуданд.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирокдорони чорабинии идона ва дар симои онҳо кулли кӯдакони вилоятро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуд.
-Боиси хурсандист, ки соли равон иди кӯдакон ба соли барои халқу миллат муқаддаси 20–солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Боварӣ дорам, ки Шумо, дӯстрӯякон, ҳамчун насли нави фардосоз баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоред – таъкид намуд Раиси вилоят.
Зикр гардид, ки имрӯз дар қаламрави вилоят 19 муассисаҳои иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки дар онҳо беш аз 1700 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар вилоят зиёда аз 470 нафар ятимони кулл умр ба сар мебаранд, ки онҳо ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор доранд. Масъалаҳои солимгардонӣ, истироҳату фароғати кӯдакон ҳамеша дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, дар давраи тобистони соли ҷорӣ ба чорабиниҳои солимгардонӣ дар 20 лагерҳои беруназшаҳрӣ, 544 лагерҳои наздимактабӣ, 145 лагерҳои истироҳатию меҳнатӣ, 200 лагерҳои солимгардонӣ ва машғулиятҳои меҳнатӣ, 16 лагерҳои варзишӣ-беҳдоштӣ фарогирии зиёда аз 72000 нафар кӯдакону наврасон ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо беш аз 1200 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат буда, онҳо ройгон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд.
Инчунин, бо таваҷҷӯҳ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи таътили зимистонаи соли равон 100 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва 200 нафар ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, озмунҳои “Техникони наврас”, “Навозандаи беҳтарин”, “Бозиҳои миллӣ”, “Хушдилону ҳозирҷавобон”, “Ватанпарвар”, озмуни “Бозёфт”, “Тӯби чармин”, сессияи Академияи хурди илмҳо ва ғайраҳо ба истироҳату фароғат ҷалб карда шуданд.
Раиси вилоят ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки кӯдакону наврасон бо истифода аз фазои орому осуда ва шароити хуби истироҳату таҳсил чун насли ояндасоз ба камол расида, бештару афзунтар Тоҷикистони азизамонро дар ояндаи наздик чун кишвари соҳибтамаддун ва сарзамини сулҳу ормонҳои наҷиби инсонӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
Сипас ғолибони як қатор озмунҳо бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонда шуданд. Аз ҷумла, ба ғолибони озмуни “Шукуфаҳои Истиқлол” диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, ба ғолибони озмуни “Шашмақомсароёни наврасу ҷавон” диплом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 1000 то 3000 сомонӣ тақдим гардида, 12 нафар ғолибони озмунҳои расми беҳтарин дар мавзӯи “Кишвари азизам Тоҷикистон”, “Беҳтарин гулҳои хонагӣ”, “Беҳтарин парранда ва ҳайвоноти хонагӣ”, “Гулбазми навқаламон” соҳиби диплому роҳхат ба истироҳатгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” гардиданд. .
Барои болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ манзур гардида, ба 500 нафар иштирокчиёни барномаи фарҳангӣ ва тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Бояд гуфт, ки дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаи саломатӣ ва аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, гӯшаи техникони наврас, барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо, маҳфилҳои “Сайри маънӣ”, “Гулбазми навқаламон”, бозиҳои варзишӣ аз қабили шашка, шоҳмот, теннис, арғамчинкашӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагони макотиби вилоят – аъзои маҳфилҳои адрасбофӣ, гилембофӣ, гулдӯзӣ ва китобҳои бачагона ба намоиш гузошта шуд, ки кӯдакону наврасон аз тамошобинони асосии чунин гӯшаҳо буданд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки барои ятимони кулл ва маъюбони муассисаҳои иҷтимоӣ дастурхони идона ороста шуда, ба ҳамаи иштирокдорони чорабинии идона ба таври ройгон шириниҳои гуногун тақдим гардид.