DSCN1969 08.06Муносибати иҷтимоӣ тақозо менамояд, ки дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ҳамчунин барои ба таҳсил фаро гирифта шудани кӯдакони имконияташон маҳдуд шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ғояҳо ва принсипҳои асосии таҳсилоти фарогир ҳамчун таҷрибаи байналмилалии татбиқи ҳуқуқҳои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба таҳсил бори нахуст дар Эъломияи Саламанка (1994) муфассал дарҷ ёфтааст.
Ислоҳоти соҳаи маориф дар даврони истиқлолият мусоидат намуд, ки баҳри ислоҳот ва такмили низоми таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) то имрӯз иқдомҳои шоиста роҳандозӣ гарданд.  Аз ин ҷост, ки соли 2011 Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 қабул гардида, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аввалин маротиба истилоҳи «таҳсилоти фарогир» ворид карда шуд. Боиси зикр аст, ки татбиқу такмили таълимоти фарогир  ба ҳайси яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маориф дар баробари рушду такомули пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ҳамчунин барои рушди нерӯи инсонӣ заминаҳои боэътимод мегузорад.
Дар иртибот ба масъалаи мазкур дир=з дар Филиали муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар мавзӯи «Масоили таълимоти фарогир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» мизи мудаввар доир гардид. Дар чорабинӣ  омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, олимону устодон аз Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, аз ҷумла ходимони илмии ҳамин муассиса Ш.Қодиров, А.Байзоев, М. Иргашева ва омӯзгорону кормандони филиали донишкада ширкат варзиданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори ФМДДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд, дотсент М.Э.Исматдинов ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба тадбирҳои давлату ҳукумати мамлакат дар амалисозии раванди ислоҳоти соҳаи маориф, сатҳ ва сифати таълиму таҳсилот дар муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ, раванди татбиқи низоми таълими фарогир (инклюзивӣ) ва нақши он  дар пешрафти ҷомеа, мавқеъ ва мақоми курсҳои такмили ихтисос дар беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилотӣ муфассал ибрози андеша намуд.
Сипас, рӯнамои китоби тозанашри «Таҳсилоти фарогир: раҳёфти маҷмӯӣ ба ҳалли мушкилот дар заминаи таҷрибаи пешқадам» баргузор гардид. Китоби мазкур тавассути нашриёти «Донишварон» дар соли 2017 ба табъ расида,  аз зумраи таълифоти  ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Байзоев Азим ба ҳисоб меравад. Муаррифии моҳият ва муҳтавои кисматҳои китоб аз ҷониби муаллиф бо истифода аз ҷадвалҳо ва слайдҳои марбута ба роҳ монда шуда, ба ҳозирин роҷеъ ба бобу фаслҳои алоҳидаи китоб маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар чорабинӣ мудири кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълими ФДҶТИБКСМ М.Раҳимова дар мавзӯи «Таълимоти инклюзивӣ дар муассисаҳои таълимӣ» суханронӣ  намуд. Дар идомаи маърӯза  роҷеъ ба муаммоҳои ҷойдошта дар раванди кор бо кӯдакони имконияташон маҳдуд, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат баҳри ба таълиму тарбия ва таҳсил пурра фаро гирифта шудани шахсони имконияти маҳдуддошта, махсусан кӯдакон, наворҳои ҷолиб намоиш дода шуд. Ҳамчунин омӯзгори гимназияи №24  Маҳфуза Турабекова аз таҷрибаи ҳаётии худ ба ҳозирин нақлҳо кард. Зикр гардид, ки баъди хатми мактаб бо ҳамсари худ, ки модарзод нобиност, ҳаёти босаодат бунёд намуда, алҳол ба тарбияи фарзанди худ, ки комилан солим аст, машғул мебошанд. Маҳз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ҳисоби ҳукумат барои эшон хонаи истиқоматӣ тақдим шуд ва имрӯз ин оила дар шукргузорӣ аз ваҳдати комил, озодӣ ва истиқлолият зиндагии босаодат бурда, баҳри ободию осоиштагии диёри маҳбуб заҳмат мекашанд.
Ҳамчунин номзади илмҳои иқтисодӣ ходими калони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Ш.Қодиров,  омӯзгори  гимназияи №24-и ноҳияи Б.Ғафуров Озодамоҳ Каримзода ба сухан баромада, дар сатҳи баланд, бо ҷалби доираи васеи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, махсусан равоншиносон доир намудани сӯҳбати атрофи мизи мудавварро, ки ба масъалаи мубрами низоми таълими фарогир бахшида шудааст, хеле муҳим ва самарабахш арзёбӣ намуданд.
Лозим ба зикр аст, ки дар  доираи   фаъолияти муштарак   бо Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва шарикони  дигар аз ҷумла   Ташкилоти  ҷамъиятии  “Иқтисод  ва маориф”  аз санаи 22 то 25 майи   соли 2017  дар филиали донишкада  семинари омӯзишӣ барои    равоншиносон ва роҳбарони синфҳои муассисаҳои    таҳсилоти миёнаи  умумии шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  ташкил ва гузаронида  шуд.  Дар ин курсҳо зиёда аз 50 нафар шунаванда ба таҳсил фаро гирифта шуда, доир ба роҳу усулҳои пешқадами кори роҳбарӣ ба синф ва фаъолияти равоншиносӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз наздик шинос шуданд. Дар анҷоми мизи мудаввар ба шунавандагони  семинари мазкур шаҳодатнома супорида шуд.

Ш.РУСТАМОВ,
муовини директор оид ба илм ва
инноватсияи ФДҶТИБКСМ,

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>