Дар вилояти Суғд дар ду марҳила курсҳои омӯзишии муносибати болсалоҳият ба таълими фанҳои забони тоҷикӣ, математика ва технологияи (таълими меҳнат) баргузории 98 курс бо фарогирии зиёда аз 2700 нафар омӯзгорон – роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, математика ва технологияи (таълими меҳнат)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар дошта шудааст. Дар марҳилаи аввал 64 курсҳои омӯзишӣ бо фарогирии 1864 нафар омӯзгорон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкилу баргузор гардиданд. Дар ин марҳила беш аз 60 нафар роҳбалад (тренерон) аз ҳисоби омӯзгорони пешқадами муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони филиали “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Суғд барои гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ ҷалб гардиданд. Марҳилаи дуюми курсҳо дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят аз санаи 29-уми июл оғоз ёфта, то 5 августи соли ҷорӣ идома ёфт.