Бахшида ба ҷашнифархундаимиллӣ25 – солагииИҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи томактабии рақами 33 –и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Ровиёни беҳтарин» баргузор гардид. Ҳадафи асосии озмун парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, рушди қобилияти фикрӣ, тарбияи зебоипарастӣ, худшиносию хештаншиносии насли наврас мебошад.
Дар озмун аз 30 муассисаҳои томактабии шаҳр ғолибони даври аввал иштирок карда, аз ашъори суханвари бузурги халқи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона шеърҳо қироат карданд. Ҳайати ҳакамон ба маҳорати наттоқии кӯдакон баҳои баланд дода, беҳтаринҳоро муайян намудаанд.
Шоҳҷоизаи озмун ба Мунзифа Ҳошимова аз кӯдакистон – ширхоргоҳи рақами 20 насиб гардид.
Ғолиби озмун бо диплому Ифтихорнома ва ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардони дашуданд.