Санаи 14- ноябри соли равон бо иштироки кормандони масъули Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо, ректорон ва намояндагони макотиби таҳсилоти олии касбӣ, сарварони сохторҳои зертобеи соҳавӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Ирфон» муаррифии лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва муаррифии барномаи мулоқот аз ҷониби муовини сардори Раёсати маорифи вилоят С. Раҳматов кушода шуд.
Баъдан аҳли толор сухани пазироии намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари бахши маорифи ИҶКБМ дар Тоҷикистон Н. Дастамбуевро шуниданд.
Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Н. Оқилзода муаррифӣ гардид. Номбурда иброз дошт, ки Кодекс қонуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита, бавосита ва бонизом танзим мешавад. Баъди Конститутсия ва санадҳои байналмилалӣ дар ҷои сеюм Кодекс меистад. Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 фасл, 53 боб ва 272 модда иборат мебошад. Пас аз муаррифии лоиҳаи Кодекс суҳбати озод доир шуд, ки дар рафти он таклифу пешниҳоди иштирокчиён ҷиҳати ворид намудан ба лоиҳа шунида шуд. Аз ҷумла, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят С. Раҳматов, директори Филиали ДТИБКСМ ҶТ дар вилояти Суғд М. Исматдинов, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф А. Қурбонов, директори Планетарияи Хуҷанд М. Қосимов, сарвари ТҶ «Рангинкамон» Р. Ахмедова ва собиқадори соҳаи маориф А. Солиҷонов таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд.
Дар интиҳои муаррифӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ташриф оварда, бори дигар зарурати таҳияи Кодекси маорифи ҷумҳуриро таъкид намуд ва маорифчиёнро барои иштироки фаъолона дар муҳокимаи лоиҳаи он даъват намуд.