Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Техникони наврас» баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби муҳассилини макотиби шаҳр беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷод ба ҳайати доварон манзур карда шуд.
Озмун аз рӯйи 7 бахш: радиоконструкторӣ, авиамоделӣ, мошинаи ояндаи коинот, киштии ояндаи обӣ, автомоделӣ, ҳимояи шаҳри оянда ва ихтироъкорӣ сурат гирифта, хонандагон аз тамоми макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштироки фаъолона намуданд.
Дар номгуйи ихтироооти хонандагон анвои гуногун бо диду нигоҳи хосса тариқи назариявӣ ва амалӣ пешниҳод ва ҳимоя карда шуд.
Ҳамин тавр, ҳайати доварон дар бахши радиоконструкторӣ Меъроҷ Маҳмудов, хонандаи МТМУ№19, дар бахши авиамоделӣ Баҳодур Абдуллоев муҳассили гимназияи №4, дар бахши мошинаи ояндаи коинот Эҳсон Неъматҷонов, хонандаи мактаби хусусии «Паймони азизон» дар бахши киштии ояндаи обӣ Маҳмудҷон Болтуев талабаи МТМУ№19, дар бахши автомоделӣ Эмомалӣ Аллабердиев, хонандаи МТМУ№21, ҳимояи шаҳри оянда Азимҷон Бобоҷон муҳассили МТМУ №5 ва дар бахши ихтироъкорӣ Муҳаммадамин Калонов талабаи мактаби хусусии «Гулчини маърифат» ғолибонро эълон намуданд ва ҳамзамон дар бахшҳои номбурда ҷойҳои 2 ва 3-юм низ муайян шуданд. Гуруҳе а з хонандагони фаъол бо сипоснома низ қадршиносӣ шуданд.
Ғолибони мақоми аввал ба озмуни вилоятии «Техникони наврас» роҳхат гирифтанд ва интизор меравад, ки даври вилоятии озмун моҳи майи соли равон сурат гирад.