Бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ва наврасон ба китобҳои бадеӣ ва китобхонӣ, баланд намудани маҳорат ва малакаи эҷодкорӣ, ғанӣ гардонидани тафаккури онҳо, бахшида ба эълон гардидани Соли 2018 — соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» дар муассисаи таълимии №5-и шаҳри Хуҷанд аз рӯи 7 бахш: навиштани номи асарҳои хондашуда, муаллиф ва қаҳрамонони он, ҳимояи кори эҷодӣ аз рӯи асари хондашуда, қироати ифоданоки шеър ё порчаи насрӣ, нақшофарӣ аз рӯи асари хондашуда, шаҳри луғат, кашидани расми дилхоҳ аз рӯи асари хондашуда, аз калимаҳои додашуда сохтани калимаҳои нав гузаронида шуд. Ба гуфти Фирдавс Ашӯрматов – директории маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар озмуни мазкур 22 нафар хонандагон- ғолибони даври минтақавии озмун аз 17 шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд. Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро хонандаи синфи 10, МТМУ 12-и ноҳияи Б. Ғафуров Саиднабиева Мунзифа соҳиб шуд. Зинаҳои баъдиро Давронов Рамшед, хонандаи синфи 11, МТМУ №2-и шаҳри Гулистон ва Убайдуллоева Сайҳона, хонадаи синфи 9, Гимназияи №5- и ноҳияи Ашт ишғол намуданд.
Ғолибони озмун бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳо хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд ва инчунин ҳамаи иштирокчиёни озмун бо сипосномаи сардори Раёсати маорифи вилоят ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Қобили таъкид аст, ки дар даври минтақавӣ ва вилоятии озмун наздик 3000 нафар хонандагон фаъолона иштирок намуданд.
Абдусабури Абдуваҳҳоб