Дар шаҳри Душанбе дастаи варзишии хонандагони мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд бо ҳайати 10-нафар дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки аз тарафи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ташкил гардид, иштирок карда, аз рӯи се намуд: варзиши сабук, тениси рӯи миз ва футбол қувваозмоӣ намуда, соҳиби 19 медал гардиданд.
Ҳамин тавр, хонандагони мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд соҳиби 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардиданд, ки аз ин миқдор 8-ададаш медали дастаи футбол мебошад.
Инчунин дар бахши намоиши корҳои дастӣ бахшида ба Соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хонандагони мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷои дуюм ва Сипосномаи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон гардиданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки хонандагони мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд дар баробари иштирок дар мусобиқаи варзишӣ дар мавзеъҳои фарҳангию фароғатии пойтахти мамлакатамон саёҳат намуданд.