Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода имрӯз озмуни стипендияи Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар кори озмун мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва аъзоёни комиссия ширкат намуда, ба ҷавонон-довталабон бурдбориву муваффақиятҳо таманно намуданд.
Зикр карда шуд, ки бо дастгирии Раиси шаҳр андозаи стипендия аз 80 сомонӣ ба 100 сомонӣ барои як моҳ муқаррар гардида, дар ниҳоят 22 нафар ҷавонон, донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, шуъбаи коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ба гирифтани стипендияи шарафёб хоҳанд гардид.
Ёдовар мешавем, ки стипендияҳо ба ғолибон дар остонаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон моҳи май дар фазои тантанавӣ тақдим хоҳанд гардид.