Дар мактабҳои ноҳияи Шаҳристон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи идораи маориф, муаллимони соҳибтаҷриба бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, такмили ихтисос ва мубодилаи таҷрибаи педагогӣ “Дарси кушод” баргузор менамоянд.
Дар мактаби таҳсилоти умумии №1-и ба номи Камоли Хуҷандии ноҳия таи якчанд сол аст, ки муаллимаи соҳибтаҷриба Мамурбоева Саноат Муҳаммадиевна аз фанни география баро синфҳои болоӣ дарс медиҳад. “Дарси кушод”- и муаллима бо усули таълими салоҳиятнок дар синфи 8 доир гардида, он ба мавзӯи «Об — неъмати бебаҳои табиат» бахшида шуд.
Омӯзгор бештар аз ҳама дар рафти дарс ба риояи дастури одоби салом, пурсии вазифаи хонагӣ, саволу ҷавоб, зикри дарёву кӯлҳо ва навиштани онҳо дар тахтаи синф, ҳалли саволномаи тестӣ тариқи комютер, навиштани эссе дар мавзӯи мазкур эътибор дода, аз усулҳои гуногуни интерактивии таълим аз қабили муҳокимаи умумӣ, пурсиши фаврӣ, кори инфириродӣ ва ғайра истифода бурда шуд.
Лозим ба ёдоврист, ки давоми моҳи гузашта аз ҳисоби омӯзгорони пешқадами муассисаҳои таълимӣ 40 соат дарсҳои намунавӣ барои омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд.