(Чунин буд хулосаи ҷаласаи ҳисоботии Раёсати маорифи вилоят)
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти панҷмоҳа ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардорони раёсат, мудирони шубаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони якқатор муассисаҳои таълимӣ ширкат доштанд.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов оғоз гардид. Номбурда оид ба натиҷаҳои санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002, № 200 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии таҳсилот» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ гузориш дод. Сардори Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов ва мутахассиси пешбари хадамоти мазкур Баҳоваддин Ҳоҷаев рафти натиҷаи аттестатсияи гимназияи №5-и ноҳияи Ашт ва гимназияи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд, натиҷаи Аккредитатсияи литсейҳоии №5 ва 6-и шаҳри Исфараро ба риштаи таҳлил кашиданд.
Раҳматҷон Зокиров, мудири шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омори Раёсати маорифи вилоят оид ба рафти бақайдгирии довталабон ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дар соли таҳсили 2016-2017 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориши муфассал дод. Аз рафти фаъолияти комиссияҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Деваштич ва Зафаробод мутахассиси раёсат Бахтиёр Сарҳадов маълумот ироа намуд.
Бобати вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои Исфара ва Ҷ. Расулов ҳозирин гузориши мутахассиси раёсат М. Ҷӯревро шуниданд.
Мутахассиси шуъбаи кор ба кадрҳои раёсат Шӯҳрат Азизов оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2017 №262 «Дар бораи тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ахборот пешниҳод намуд.
Сайфулло Раҳматов дар ҷамъбасти ҷаласаи сайёр барои коҳиш додани теъдоди омӯзгорони ғайрисоҳавӣ, кам кардани эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба мактабҳо, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба мавсими нави хониш, омодагӣ ба рафти зимистонгузаронӣ, беҳтар намудани вазъи лагерҳои беруназмактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кудак барои омодагӣ ба мактаб, омодагии иншоотҳои ҷашнӣ дастуру супоришҳо дод.
Бо вазифагузориҳо ва қабули қарорҳои дахлдор чорабинӣ хотима пазируфт.