Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 21- солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров байни олимон, рӯзноманигорон, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, барои иншои беҳтарин мавод вобаста ба рӯзгор ва осори алломаи бузург озмун эълон дошта буд.
Дирӯз дар Қасри фарҳанги Арбоби ноҳияи Б. Ғафуров бо иштироки Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, адибон рӯзноманигорон, публитсистон, аҳли ҷамоатчигӣ маводҳои ба озмуни мазкур пешниҳодшуда ҷамъбаст гардид. Шоистаи қайд аст, ки дар ҷамъбасти озмун мақолаи илмии О. Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор «Бобоҷон Ғафуров ва саҳми мондагори ӯ дар таҳкими илми шарқшиносӣ» (Ҷумҳурият, 29 марти соли 2018) дар радифи беҳтарин маводҳои ба озмун пешниҳодшуда бо Ифтихорномаи нашрияи «Ҷумҳурият» ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.
Аз номи кулли муштариёни нашрия олими сермаҳсул Осим Каримзодаро бо ин комёбии назаррас самимона таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмию ҷамъиятии мавсуф равнақу барорҳои нав ба нав орзу мекунем.
Хабарнигори «Маорифи Суғд»