Дар Олимпиадаи байналмиллалии арифметикаи зеҳнии шаҳри Москва тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии “Пифагор”-и шаҳри Хуҷанд байни ҳамсолони худ аз Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон маҳорату дониши воло нишон дода, дар ҷамъбасти даставӣ бо гирифтани 5 ҷом ва 16 медали тилло сазовори мақоми аввал гардиданд. Боиси зикр аст, ки дар ин олимпиада хонандаи синфи 8 литсейи № 1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ғайрат Усмонов дар зарфи 25 дақиқа 210 мисолро ҳал намуда, соҳиби унвони “Устоди арифметикаи зеҳнӣ” гардид.