Дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Авиамолеистони наврас» баргузор ва ғолибони он муайян гардиданд.
Ба озмун зиёда аз 30 номгӯйи кори хонандагони макотиби шаҳри Хуҷанд манзур карда шуд. Ҳайати ҳакамот ба корҳои эҷодии хонандагон баҳогузорӣ намуданд. Ҳамин тавр, дар бахши «Модели ҳавопаймои нақшавӣ» мақоми аввалро Абдуллоҷон Ҷумъаев (МТМУ №25), ду ҷойи дуюмро Азизҷон Юлдошев (МТИ) ва Мирзоҷамшед Ҳайитов (МТМУ№12) ва ду зинаи сеюмро Мухторҷон Почоҷонов (МТМУ №12) ва Аъзамҷон Муллоев (МТМУ №22) ба даст оварданд. рисунок
Дар бахши «Нусхаи авиамодел» ҷойи аввалро Акмали Ҳотамҷон (гимназияи №4), дар бахши «Электросамолёт» мақоми якумро Баҳоваддин Исмоилов (гимназияи «Гулчини маърифат») ва дар бахши «Ихтироъкорӣ» зинаи аввалро Андуш Ҷалолов (МТМУ №10) соҳиб гардиданд.
Ғолибони озмуни шаҳрӣ барои иштирок дар озмуни вилоятӣ, ки санаи 27.09.2018. дар ноҳияи Деваштич баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Бояд таъкид намуд, ки озмуни шаҳрии «Авиамоделистони наврас» бо мақсади тақвият бахшидани завқу шавқи хонандагон ба омӯзиши илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техники онҳо роҳандозӣ гардидааст.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>