Соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Раёсати андози вилоят озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» доир мегардад. Даври ҷамъбастии он дар қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар қисмати расмии чорабинӣ сардори Раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон ва сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагон дар мавриди андоз ва андозбандӣ аст. Ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар қиёс ба соли гузашта сафи иштирокчиён ба маротиб афзудааст. Сипас, дар асоси хулосаҳои ҳайати ҳакамот ғолибон муайян гардиданд.
Дар бахши озмуни «Расми беҳтарин» ҷойи якумро Абдуллоҳ Усанов, хонандаи синфи 7 аз гимназияи №2, шаҳри Бӯстон ишғол намуд. Зинаҳои дуюми сеюмро Исфандиёр Ашӯров — хонандаи синфи 11, МТМУ №30, шаҳри Конибодом, Бахтовар Юлдошев — хонандаи синфи 10, Литсейи 2, ноҳияи Ашт, Хисрав Олимов — хонандаи синфи 10, МТМУ №3 ноҳияи Зафаробод ишғол намуданд. Ҳамчунин расми пешниҳодгардидаи Сарвинози Тоҷиддин — хонандаи синфи 9, МТМУ №8, ноҳияи Айнӣ, Сардор Эргашқулов — хонандаи синфи 11, МТМУ № 2, ноҳияи Шаҳристон ҷолиб диққат буданд.
Дар бахши «Иншои беҳтарин» ғолибият насиби Парвина Дадобоева — хонандаи синфи 11, МТМУ №8, шаҳри Гулистон гардид. Мақомҳои баъдиро Саидахон Ҳасанзода — хонандаи синфи 10, МТМУ №12, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Нисо Муҳиддинова — хонандаи синфи 11, МТМУ №18, ноҳияи Шаҳристон, Сабрина Раҳимова – хонандаи синфи 9, МТМУ№ 22, ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳибӣ намуданд. Ҳайати ҳакамон ҳамчунин иншоҳои навиштаи Садафмоҳи Ҳошим — хонандаи синфи 10, МТМУ №10, ноҳияи Деваштич, Султонмуроди Салим — хонандаи синфи 11, МТМУ №50, шаҳри Истаравшан, Азизахони Зуҳурбек — хонандаи синфи 9, МТМУ № 6, ноҳияи Масчоҳ, Сулеймонов Алияхон — хонандаи синфи 10, гимназияи Гёте аз беҳтарин донистанд.
Дар бахши саволу ҷавоб, инчунин доштани маълумоти ибтидоӣ оид ба фарҳанги андозсупорӣ ҷои аввалро Фарида Ҷумъабоева — хонандаи синфи 11, МТМУ №14, ноҳияи Спитамен, ҷойи дуюмро Шамсия Мадалиева, хонандаи синфи 9, МТМУ № 7, ноҳияи Ашт ва ҷойҳои сеюмро Фарзона Абдулакимова — хонандаи синфи 11, МТМУ №13, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Мафтуна Ваҳобова, хонандаи синфи 10 МТМУ №9, шаҳри Конибодом ишғол намуданд.
Ба ғолибону ҷоизадорони озмун дар вазъияти тантанавӣ диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аъзоёни Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд бо баргузории барномаи рангини консертӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» ба ҳукми анъана даромада, дар назар аст, ки соли оянда дар миқёси ҷумҳурӣ доир карда мешавад.
Абдусабури Абдуваҳҳоб