Осим Каримзода, сардор Раёсати маорифи вилояти Суғд
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, дастовардҳои аҳли мамлакат дар соли 2018 зикр ва вазифаҳои минбаъдаи мардуми кишвар муфассал баён гардиданд.
Шоистаи қайд аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша зимни ироаи Паём рушду нумӯи соҳаи маорифро дар мадди аввал мегузоранд. Дар Паёми навбатӣ низ Президенти мамлакат баробари таҳлили ғамхоронаи бурду бохти соҳа барои боз ҳам рушду нумӯъ ёфтани соҳаи маориф дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки миллати босавод муҷиби пешравии ҳар давлату кишвар аст. Равона намудани таваҷҷуҳ ба беҳдошти сатҳу сифати таълим, рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ, пурзӯр намудани назорат барои баланд бардоштани дараҷаи дониши касбии омӯзгорон, пешгирии норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии мутахассисони ҷавон аз зумраи ҳидоятҳои Пешвои миллат буданд, ки дар Паём ифода ёфтанд.
Президенти мамлакат омӯзиши забонҳои англисӣ ва русиро муҳим арзёбӣ карда, равона намудани таваҷҷуҳро ба ин самти фаъолият зарур ҳисобиданд. Воқеан ҳам, тавре аз Паём бармеояд, дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳанӯз соли 2003 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, норасоиҳои ҷиддӣ ба мушоҳида мерасанд. Ин ҳолатро дар муассисаҳои таълимии вилоят низ мушоҳида кардан мумкин аст. Ҷиҳати ислоҳи ин вазъият Раёсати маорифи вилоят тадбирҳои мушаххасро рӯи кор овард. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2018-2019 дар 928 муассисаи таълимии вилоят 3237 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 2840 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 114 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 54 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ зиёд мебошанд.
Соли 2018 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 141 нафар хатмкардагони мактабҳои олӣ аз фанни забони русӣ ва 166 нафар аз фанни забони англисӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кор фиристода шуданд. 93 нафар аз фанни забони русӣ ва 97 нафар аз фанни забони англисӣ мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Инчунин, баҳри такмили ҷараёни таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят агар соли 2015 40 кабинетҳои лингафонӣ фаъолият кунанд, пас дар соли 2018 ин теъдод ба 45 адад расид.
Баробари ин соли сипаригардида 1447 нaфaр хатмкардагони муассисаҳои таълимии вилоят ба мактабҳои олии Федерaтсияи Русия ва 118 нaфaр ба мактабҳои олии хориҷаи дур қабул шуданд. Вале, ин ҳама тадбирҳои роҳандозишуда ҳанӯз моро қаноатманд намекунанд. Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сардори давлат моро водор мекунад, ки ба ин масъала бештар эътибор диҳем. Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш ба кор мебарем, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисиро ба дараҷаи боз ҳам баландтар бардорем. Барои ин шароитҳои мусоиди таълимӣ, пойгоҳи муқтадири таълимие, ки бо таваҷҷӯҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадаанд, мавҷуданд. Танҳо саъю талош ва азму ғайрати дучанд лозим аст, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат иҷрои саривақтии худро ёбанд.
Инчунин зимни таҳлили фаъолияти соҳаи маориф дар Паём Сарвари муаззами кишвар аз ба талаботи замона ҷавобгӯ набудани сифати таълиму тарбия изҳори нигаронӣ намуданд. Ин дастури Пешвои муаззами миллат мо, кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки ба ин самтҳои кор беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Дар партави Паём Раёсати маорифи вилоят нақшаи чорабиниҳо матраҳ сохта, ҷиҳати баланд бардоштани самара дар ин самтҳои фаъолият корро ҷоннок менамояд.
Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Пешвои миллат ҳар як корманди соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки аз натиҷаҳои фаъолияти худ қаноатманд нагардида, барои бо диду назари тоза пеш бурдани раванди таълиму тарбия ҷаҳду талоши фузун ба кор барад.