*Ҷаласа

    DSCF7201Дар маҷлисгоҳи гимназияи рақами 1, ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид. Дар он инчунин кормандони дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, мудирони кабинетҳои методӣ, сармутахассисони бахшҳои Хадамоти назорат дар соҳаи маориф, директорони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, техникаи иттилоотӣ ва коммуникатсияи шаҳру ноҳияҳо, масъулини марбут ба масъалаҳои баррасишаванда ҳузур доштанд.
Аввал ҳисоботи Раёсати маорифи вилоят оид ба фаъолият дар соли 2018 ва вазифаҳои маорифчиён барои соли 2019 шунида шуда, мавриди баррасии васеъ қарор гирифт. Дар ин хусус ҳозирин маърӯзаи сардори шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбоновро шуниданд. Вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолият дар соли гузашта сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода аз масъулини соҳа пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи саривақтии норасоиҳои зикршуда ба онҳо дастуру супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки ҷиҳати таъмини иҷрои нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 ба 30 фисад расонидани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру ноҳия корро вусъат бояд дод. Дар ин замина бояд аз маблағҳои буҷавӣ, соҳибкорон, шахсони саховатманд васеъ истифода бурд. Инчунин аз биноҳои муассисаҳои томактабӣ, ки имрӯз бо дигар мақсадҳо истифода мешаванд, масҷидҳои басташуда самаранок истифода бурдан лозим аст. Дар иртибот ба зинаи сеюми таҳсилот фаро гирифтани хатмкунандагони синфи нуҳ, қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ низ сардори Раёсати маорифи вилоят андешаҳо баён дошта, дар ин самтҳо корро нокифоя арзёбӣ кард. Ҷиҳати таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо технологияи компутерӣ, таъсис ва истифодаи самараноки кабинетҳои фаннӣ, забономӯзии хонандагон, баланд бардоштани дараҷаи касбии омӯзгорон, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтаҷриба низ маслиҳатҳои муфид ироа гардиданд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят «Дар бораи эълон шудани «1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати фароҳамоварии шароити зарурии таълим, барқарорсозии муассисаҳои таълимии садамавӣ, таъмиру тармим ва сохтмони муассисаҳои таълимию томактабӣ бояд вусъати тозаи фаъолият таъкид гардид.
DSCF7232Перомуни вазифаҳои дар пешистода Осим Каримзода муфассал сухан ронда, таъкид намуд, ки дар самти қабул ба мактабҳои олии касбӣ, пардохти қарзи умумӣ аз истифодаи китоб, истифодаи самараноки технологияи компутерӣ, таъмини фаъолияти омӯзгорон аз рӯйи ихтисос, боз ҳам афзун намудани дастовардҳо дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ, иҷрои нақшаи баста шудани шартномаҳо бо корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ҷиҳати таъмини либосҳои мактабӣ, ҷойивазкунии кадрҳо корҳо бояд боз ҳам ҷоннок карда шаванд.
Тавре дар ҷаласа тазаккур ёфт, ҳодисаҳои ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби ноболиғон мутаассифона, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 21 адад зиёд гардидааст. Дар иртибот ба масъалаи мазкур дар ҷаласа сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонон ва наврасони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковник Саидзода Баҳром Раҷабалӣ муфассал суханронӣ намуд. Ба ин масъала инчунин сардори Раёсати маорифи вилоят О.Каримзода диққати ҳозиринро ҷалб намуда, пешгирии худкушӣ ва ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавононро аз вазифаҳои муҳими ҷомеаҳои омӯзгорӣ арзёбӣ намуд. Шахсони масъул барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои пешгирии ҷиноятсодиркунӣ вазифадор гардиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи аввали соли 2019, сохтори Маркази таҳсилоти иловагии вилоятро тасдиқ намуда, оид ба Рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти омодагии муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Спитамен, шаҳри Конибодом, натиҷаҳои аттестатсияи мактаб – интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Бӯстон, гимназияи №3-и шаҳри Истаравшан, аккредитатсияи давлатии гимназияи № 5-и ноҳияи Ашт, мониторинги сатҳи донишазхудкунии хонандагон дар муассисаҳои таълимии вилоят, рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2014, № 353 “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” дар шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон, рафти омӯзиши вазъи фаъолияти маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят, пешниҳодҳои Прокуратураи вилояти Суғд оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда марбут ба ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан ва ҷинояткории ноболиғон-хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва пешниҳоди шуъбачаи тафтишотии шуъбаи №2 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз 26.12.2018, №32/1-1755 нисбати Тӯйчиев С.Н., инчунин як қатор масъалаҳои дигари ҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ дар суханронии худ оид ба вазифаҳои навбатии маорифчиён ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтари фаъолият дар соли равон андешаҳои ҷолиб баён дошт. Аз ҷониби мавсуф бурду бохти соҳа амиқ баррасӣ гардида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳо ироа шуданд.
Доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ғ.ҶӮРАЕВ,
“ Маорифи Суғд”

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>