* Меҳрнома
Роҳи зиндагӣ пурпечутоб аст. Мардум ба роҳи тайнамудаи одамоне, ки умри дароз дидаанд, ба кору пайкор ва обрӯю эътибори онҳо баҳо медиҳанд. Кам одамоне ёфт мешаванд, ки аз зиндагии худ розӣ бошанду бо ифтихор роҳи ҳаёти хешро пеши назар оварда, аз зиндагии бобарорашон қиссаҳо гӯянд.
Мехоҳам, аз зиндагиномаи як тан омӯзгор, ки аз мардони шарифи деҳаи Рӯмон асту мақому манзалати хеле баландро соҳиб аст, нақл намоям. Вақте саҳифаҳои рӯзгори омӯзгорро варақгардон мекунем, мебинем, ки ӯ тамоми умр некӣ кардаасту аз бадиҳо гузида, алайҳи бадиҳои ҷамъият хастанопазирона мубориза бурдааст.
Ӯ як аср муқаддам дар оилаи марди ҳунарманд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таълими ибтидоиро дар аввалин мактабҳои типи нави замони шӯравӣ гирифтааст. Рабфакро тамом намуда, ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Ленинобод (имрӯза Хуҷанд) дохил мешавад. Баъди хатми курси дуюми таҳсил ӯро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват мекунанд. Ба хизмат мераваду баъди чанд моҳи омодагӣ якбора ба майдони ҷанг медарояд. Дар муҳорибаҳо борҳо захмин мешавад. Қиссаи диловариҳои шуҷоъписари рӯмонӣ дар ҷабҳа басо ибратомӯз аст. Ва ин қиссаҳо борҳо саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳоро зеб додаанд.
Борҳо аз суҳбати дилпазираш бархурдор шудаам. Нақлҳои ин пири рӯзгор хеле таъсирбахшанд. Хотираааш хеле қавӣ. Ҳар воқеа, ҳар рӯзи зиндагиашро хеле пуртаъсир баён медорад. Ӯ дафтарчаи хотироти солҳои ҷангро, ки ҳамеша ҳамроҳаш ҳаст, хеле азиз медорад. Дар ин дафтарча, ки бо мурури замон хеле рангпаридаву варақҳояш суда шудаанд, аз зиндагии гоҳ ором, гоҳ пурмоҷарову андар ситези худ навиштааст. Бо ҳамон дафтарчааш ба ҷанг рафт, дар замони мудҳиши ҷанг низ ҳар рӯзи хотироти набардҳоро менавишт. Он дафтари хотирот аз байни дуду оташ, тиру туфанг гузашта боз ба деҳа баргашт.
Худ мегӯяд, ки саҳифа андар саҳифа ба умри гузаштаи худ бозпас мераваду наҷибтарин одамон, мардони пурҳунарро ба ёд меоварад, аз хислату ҳунари онҳо ёдовар мешавад, то насли имрӯз бидонанд, ки дар марҳилаҳои бисёр душвору сангин ва фоҷиабори Ватан онҳо чӣ корнамоиҳое баҳри имрӯзиён кардаанд.
Баъди ҷанг ба кори пуршарафи омӯзгорӣ пайваст. Дар мактаби миёнаи №12-и деҳаи Рӯмон зиёда аз чил сол шогирдони бисёрро тарбия намуд. Ба нафақа баромаду касбашро дигар кард. Азбаски шефтаи зебоӣ буд, ҳамроҳи ҳамдеҳааш муаллим Абдуллохоҷа Исмоилов ба шущли гулпарварӣ меҳр баст, гармхона сохту гул кошт. Гулҳои мисли сафҳаи ҳаёташ рангорангро ба мардум пешкаш намуд. Ин пешаро ба фарзандону набераҳояш низ омӯзонд.
Ҳарчанд синни ин марди бозаковату зиндадил аз синни ҳамаи дигар сокинони деҳаи Рӯмон бузург аст, ҳаргиз ором нишаста наметавонад. Вай маҳбуби ҳамагон, маслиҳатгари ҷавонону дуогӯи набераю аберагон ва чабераҳои бисёр аст. Ба ҷавонон, аҳли маҳалла суҳбатҳо меорояд, ҳар ҳарфаш саршор аз панди рӯзгоранд. Тинати пок ҳадяи бебаҳо овард. Дар деҳа оилаи муаллимро қатори беҳтарин оилаҳо ном мебаранд, зеро 9 нафар фарзандонаш ҳама соҳибмаълумоту соҳибкасб буда, дар ҷамъият мақому манзалати калонро соҳибанд.
Синни омӯзгори собиқадор, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзошариф Щафуров имсол ба 100 расид. Ба симои муаллим менигарам: чеҳрааш чун ҳамешагӣ орому ботамкин аст. Тамкин шаҳомати ӯро дар назари бинанда афзун мекунад. Дар асл дар вуҷуди ӯ виқору такаббур нест. 40 сол муқаддам бо ӯ вохӯрдаму дидам, ки вуҷудаш саршори фурӯтанӣ, лаболаб аз ҷавҳари одамият аст. Ва имрӯз баъди сипарӣ гаштани чил сол мутмаин гаштам, ки Яздони пок на ба ҳама лутфу марҳамат мекунад, ки як аср умр бинад, байни мардум сарфарозу сарбаланд, сазовори маҳбубияти хосса бошад.
Бобои садсола шукргузор аз зиндагӣ аст ва ҳамин шукргузориро ба ҷавонону наврасон талқин ва тақозо мекунад, ки ин Ватани озоду ободро дӯст доранд, ба қадри обу хоки ин сарзамин расанд ва барои ҳифзи марзу буми кишвар саъй варзанд, нагузоранд, ки Тоҷикистон мисли солҳои навадум ба арсаи ҷангу ҷидоли бемаънӣ табдил ёбад.
Дар даст қалам соатҳо андеша меронам: меҳри дил, таманниёти неки хеш ва кулли шогирдону сокинони сарбаланди деҳаи овозадори Рӯмонро тавре ба ин марди нексиришту барнодил баён созам, ки ифодагари самимияти афзуни онҳо бошад? Қалам ба мададам расид ва беҳтарин эҳсоси қалбам рӯйи кощаз омад :
— Бобои азиз, устоди гиромӣ, Ҳоҷигулмуаллими иззатманд (ибораи устоди шодравон Н.Ниёзӣ) илоҳо боз садсолаҳои дигар умр бинеду ба саодати мардуми деҳаи азиз боз садсолаҳои дигар шогирдонро ба воя расонида, умри дарахти ҳазорсоларо бинед. Давлати пириатон поянда бошад!
Мавлуда ҲОҶИБОЕВА,
Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви ИЖТ