Бо омад – омади баҳори нозанин табиат қабои сабз ба бар карда, дарахтон ғарқи гул мегарданд. Мардум бо чеҳраи кушод ва дили гарм ба оғӯши ҳамдигар мераванд. Воқеан ҳам баҳор фасли ҷашну хушиҳост ва нахустин ҷашни зебои он Рӯзи модар аст. Оғози баҳор бо Рӯзи модар шояд розу рамзҳое дорад аз васфи муштаракаи онҳо мисли зебоиву меҳрубонию ҳаётпарварияшон.
Сари хони густурда ва пурнозу неъмат занони фаъолу обрӯмади соҳаи маорифи вилоят дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон сарҷамъ омаданд.
Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ паёми табрикотии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли нишаст расонд. Зимни табрикот зикр шуд, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.
Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бонувонро ба ифтихори ин ҷашни зебо табрику таҳният гуфта, барояшон сарсабзиву саломатӣ, зиндагии пурхайру нишот, бахту иқбол, рӯҳи саршору тани нерӯманд ва пирӯзиҳову комгориҳои нав ба навро орзу намуд.
Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд кулли занони маорифчиёни вилоятро ба ифтихори ин ҷашн табрику таҳниятҳо гуфта, қайд намуд, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт. Дар идомаи чорабинӣ ғолибону иштирокдорони озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон» ва «Мураббияи соли Тоҷикистон», омӯзгорону мураббияҳои навовару пешқадам бо Ифтихорномаю Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тӯҳфаҳои пуливу хотиравии Раиси вилоят тақдиронида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аъзоёни дастаи ҳунарии назди Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, хонандагони Мактаби Президенти шаҳри Бӯстон, ҳофизони мумтоз Носир Раҳимов, Шӯҳрати Расул Самеъҷон Машарипов ва дигарон бо рақсу таронаҳои марғуб хотири аҳли нишастро шод намуданд.
Абдусабури Абдуваҳҳоб