Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Наврӯз — падидаи нодири фарҳанги башарӣ» ва озмуни вилоятии «Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст» баргузор гардид.
Дар чорабинии илмӣ олимону устодони филиали Донишкада, омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, намояндагони Раёсати маорифи вилояти Суғд, олимон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, мудирони кабинетҳои методӣ ҷамъ зиёда аз 350 нафар иштирок намуданд.
Конфронсро директори филиали Донишкада дотсент Муҳаммадҷон Исматдинов ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони чорабиниро хайрамақдам гуфт ва ҳозиринро бо барномаҳои чорабиниҳои ҷашнӣ, ки иборат аз ду бахш – бахши якум ҳамоиши илмӣ ва дуюм озмуни наврӯзӣ иборат буд, шинос намуд. Аз ҷумла, ӯ қайд кард ки дар баробари дастовардҳои наҷиби даврони истиқлолият эҳё ва барқарор шудани ин намунаи барҷастаи фарҳанги башарӣ ва мақоми байнанлмилалӣ касб намудани он бешубҳа дар ҷодаи густариши худогоҳиву худшиносии миллӣ нақши муҳим мегузорад. Боиси ифтихор аст, ки сол то сол ин ҷашн дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, роҳандозии иқдомҳои шоиста дар ин самт ба мазмун ва моҳияти ин арзиши умумимиллӣ ҷило ва ранги тоза мебахшад.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд профессор Осим Каримзода зимни суханронии худ ҳозиринро бо ин иди фархунда табрику таҳният гуфт ва доир ба аҳамият ва моҳияти арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, таҷлили иди фархундаи Наврӯз, ташаккули раванди таълиму тарбия дар ҳамбастагӣ бо тарғибу ташвиқи анъанаҳои милливу аҷдодӣ, муҳимтарин дастовардҳои маорифчиёни вилоят муфассал ибрози назар намуд.
Тибқи барнома дар конфронс дар мавзӯъҳои «Этнофарҳанги ҷашни Наврӯз», «Расму одатҳои наврӯзӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва масъалаҳои тарбияи фарҳанги худшиносӣ», «Бузургони сухан дар бораи Наврӯз ва бедории табиат», «Моҳият ва зарурати таълими анъанаҳои миллӣ дар мактаб», «Баланд бардоштани касбияти омӯзгор омили муҳим дар болоравии сатҳу сифати таълим» маърӯзаҳои илмӣ шунида шуданд.
Озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст», ки бахши дуюми чорабиниҳои наврӯзии муассиса ба ҳисоб мерафт, пас аз итмоми конфронси илмӣ дар саҳни муассиса бо иштироки доираи васеи иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкилу баргузор гардид. Аз ҷумла, дар озмун дастаҳо аз шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Спитамен ширкат варзиданд. Ҳайати дастаҳо аз рӯи шартҳои озмун – рӯзномаи деворӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ороиши дастурхони наврӯзӣ, баромаду суханрониҳо дар намуди муаррифии даста, саломномаи маликаи наврӯзӣ, бадеҳахонӣ, саволу ҷавоб байни ҳам мусобақа намуданд. Боиси қайд аст, ки дастаҳо барои иштирок дар озмун тайёрии пухта ва ҳамаҷиҳата дида, аз рӯи шартҳои озмун баромадҳои рангину пурмуҳтаво намуданд. Дараҷаи омодагӣ ва ҳунарнамоии дастаҳоро ҳайати ҳакамоти озмун натиҷагирӣ намуда, ба дастаҳои «Фарвардин»-и ноҳияи Б.Ғафуров ва «Некрӯз»-и шаҳри Конибодом мақоми аввал, ба дастаҳои «Баҳор»-и шаҳри Хуҷанд ва «Наврӯзи бӯстон»-и шаҳри Бӯстон мақоми дуюм ва ба ҳунарнамоии дастаи «Наврӯзи гулистон» аз шаҳри Гулистон ва «Бойчечак»-и ноҳияи Спитамен ҷои сеюмро сазовор донистанд. Ғолибони озмун бо ифтихорнома, сипосномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз ба ғолибони озмуни вилоятии эссеи беҳтарин дар мавзӯи «Наврӯз – падидаи нодири фарҳанги башарӣ» ифтихорномаҳо супорида шуд.
Бахши илм ва инноватсияи ФМДДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд