Дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҳарбӣ – варзишии «Ватанпарвар», ки имсол дар қисми ҳарбии 02615 – и шаҳри Душанбе баргузор гардид, дастаи вилояти Суғд дар намудҳои вазнбардории гирӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани автомати тамғаи Калашников, бандкашӣ ва танбардорӣ сазорвари чойи аввал, дар намудҳои машқҳои сафороӣ, газетаи деворӣ сазовори ҷойи дуюм ва дар намудани омодагии дифои ҳарбӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Тавре, ки директори Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят Ашурматов Фирдавс иттилоъ дод, дар озмуни мазкур дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Рудакӣ, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, Суғд ва ду даста аз вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Дар ҷамъбасти даставӣ дастаи вилояти Суғд сазорвари чойи аввал, вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон сазовори ҷойи дуюм ва шаҳри Турсунзода сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дастаи вилояти Суғдро дар озмуни мазкур ғолиби даври вилоятии озмун дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом шоиста муаррифӣ намуд.
Ҳамаи ғолибони озмун бо диплому ифтихорнома, тӯҳфаҳо ва Ҷоми озмун қадрдонӣ карда шуданд.