2Рӯзи байналмилалии саводнокиро аҳли омӯзгорон ва хонандагони гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо чорабинии идона истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин,  дар ин рӯз аз тарафи ҳамоҳангсозони лоиҳаи ЮСАИД “Ҳамроҳ бихонем” китобҳои бадеӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ тақдим гардиданд.
Дар чорабинӣ меҳмонон аз барномаи лоиҳаи ЮСАИД “Ҳамроҳ бихонем”, ҳамзамон сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзод, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева, китобдорони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд.
Нахуст, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ҳозиринро бо  рӯзи байналмилалии саводнокӣ муборакбод намуда, қайд намуд, ки китоб дар ҳар давру замон қадру манзалати худро гум накардаасту намекунад. Ва аз хонандагону омӯзгорон хоҳиш намуд, ки аз китобҳои тақдимгашта самаронак истифода баранду дониши худро васеътар намоянд.
1Дар ин рӯз аз тарафи хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар васфи ватану ватандорӣ, сулҳу дӯстӣ, Тоҷикистон, қадри китоб шеъру таронаҳо садо доданд. Ҳамчунин, саҳнача аз тарафи хонандагони муассиса дар мавзӯи китоб намоиш дода шуд, ки писанди ҳамагон гардид.
Сипас,      тибқи        барнома —  лоиҳаи   Юсайд   “Ҳамроҳ бихонем”,  84 номгӯи китобҳои бадеӣ ба 200 муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят тақдим карда шуданд ва 15 то номгӯи он дар ҷумҳурӣ аввалин бор нашр гардидааст.
Бояд қайд намуд,  ки ин лоиҳа ҳамасола 75 фоизи  муассисаҳои таълимиро бо китобҳо таъмин менамояд.

Матлуба ҲАЙДАРОВА,
“Дурахшандагон”
Дар аксҳо: лаҳзаҳо аз чораҷӯӣ

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>