75233466_2598469506881125_1720898326406103040_n Бо дастгирии Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи ихтироъкорон ва навоварони вилояти Суғд — ғолибони озмуни байналмилалии «Мо навоварони асри ХХ1» дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон – Парвиз Очилзода, хонандаи синфи 11-и Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Манучеҳр Набиев, хонандаи синфи 11, Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, Нафиса Қобилзода, хонандаи синфи 11, МТУҒ «Ирфон» дар озмуни байналмилалии «Робототехника», ки аз ҷониби созмони бонуфузи амрикоии «First globall challange-2019» баргузор мегардад, иштирок менамоянд.   Озмуни мазкур санаҳои 24-27 октябр дар маҷмааи «Кока — кола арена»- и шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки беш аз 190 намояндагони кишвари олам баргузор мегардад. Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ба ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ дар риштаи техника ва навоварӣ даъват шудааст. Дастаи Тоҷикистонро дар ин озмуни бошукӯҳ директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашурматов ҳамроҳӣ мекунад. Ба дастаи ихтироъкорон ва навоварони кишварамон дар озмун барор мехоҳем.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>