Бори нахуст дастаи хонандагони болаёқат аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят, ғолибони даври интихобии озмуни мазкур ихтироъкорони наврас Парвиз Очилзода – хонандаи Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд, Нафиса Қобилзода — хонандаи МТҒ «Ирфон»-и шаҳри Хуҷанд, Манучеҳр Набиев – хонандаи муассисаи таълимии «Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон таҳти роҳбарии Фирдавс Ашӯрматов — директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати иштирок дар озмуни байналмилалӣ сафарбар гардиданд.
Озмуни сатҳи ҷаҳонӣ бо иштироки намояндагони 197 кишвари олам таи 4 рӯз дар маҷмааи фарҳангӣ-варзишии «Фестивал Арена Дубай» давом кард. Озмуни ҷаҳонии «Роботтехника» аз рӯи шаш бахш баргузор гардида, дастаи хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои «Робот-инжинеринг» ва «Стратегия» ширкат варзида, роботи сохтаи худро, ки дорои 16 амалиёт мебошад, муаррифӣ намуданд. Дар ҷамбасти озмун дастаи хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахши «Стратегия» байни ҳарифони худ ба гирифтани мақоми дуюм сазовор гардид. Дар бахши «Робот — инжинеринг» даста бо Ифтихорномаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида шуд. Ин дастовард аввалин комёбии мактабиёни кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ оид ба ин ришта маҳсуб мегардад..
Маврид ба зикр аст, ки дастоварди назаррас маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар самти ихтироъкориву навоварии ҷавонон ва наврасон маҳсуб ёфта, баргузории мунтазами озмуни вилоятии «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд», ки бо қарори Раиси вилояти Суғд ҳамасола дар сатҳи баланд баргузор мегардад, барои рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.
Муваффақияти дигари дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба узвияти комилҳуқуқи олимпиадаи ҷаҳонии «First global» шомил шудани он мебошад. Ин амр имкон медиҳад ҳамасола дастаи хонандагони болаёқати мо дар тамоми озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби ин созмони бонуфузи амрикоӣ созмон меёбад, бевосита иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя намоянд.
Инчунин дар рӯзи ҷамъбасти озмун тамоми ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар маросими ҷамъбасти озмун даъват гардида, аз ҷониби намояндаи кишвари Тоҷикистон бо ширкатҳои бонуфузи сохтмонии дунё «Эмар»-и шаҳри Дубай ва «The first group»-и Британияи Кабир дар самти пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмонии биноҳо қарордод ба тавсиб расид. Минбаъд дар асоси ин қарордод хонандагони болаёқати вилояти Суғд намои тарҳи биноҳо ва лоиҳаҳои сохтмониро муаррифӣ менамоянд. Дар сурати мақбул дониста шудани лоиҳаҳои мазкур онҳо аз ҷониби ин ду ширкати бонуфуз харидорӣ хоҳанд шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар доираи олимпиадаи ҷаҳонӣ форуми дӯстии халқҳои олам баргузор карда шуд ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Ҷопон, Олмон, Британияи Кабир, Малайзия, Таиланд, Фаронса, Русия, Ӯзбекистон, Гана, Африқои Ҷанубӣ, Австралия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико музокираҳо барпо намуда, оид ба ҳамкориҳои минбаъда бо ин кишварҳои олам дар риштаи рушди соҳаи техника ва технология байни ҷавонон ва наврасон гуфтушунидҳо доир шуданд.
Абдусабури Абдуваҳҳоб,
“Дурахшандагон”