Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи маорифчиёни вилоят субҳи имрӯз дар Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, кормандони дастгоҳи Раёсати маориф ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи он ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода оғоз гардида, мавсуф оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 муфассал гузориш дод. Таъкид шуд, ки соли сипаригардида 220 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ гардиданд, ки аз самараи кори устодон дарак медиҳад. Бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар вилоят баробари роҳандозии азнавсозӣ ва таъмиру тармими бинои 46 муассисаҳои таълимии садамавӣ соли равон 37 иншооти соҳаи маориф бо 4 ҳазору 761 ҷойи нишаст, аз он ҷумла 98 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо 2 ҳазору 826 ҷойи нишаст дар шаҳру навоҳии вилоят ба истифода дода шуданд. Баробари ин, аз 228 муассисаҳои таъмирталаб то ҳол 115 муассисаҳои таълимӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, дар 60 муассиса корҳои таъмирӣ давом доранд.
Дар идомаи кори ҷаласа аъзоёни Шӯрои машваратӣ нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи аввали соли 2020- ро тасдиқ намуданд.
Дар бораи пешниҳодҳои Прокуратураи вилояти “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда дар фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, натиҷаҳои рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани кормандони шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Истиқлол сармутахассиси шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ Бахтиёр Сарҳадов ва мудири шуъбаи омор, ояндабинӣ ва банақшагирии Раёсат Раҳмаҷон Зокиров гузориш доданд. Натиҷаҳои аттестатсияи гимназияи №6-и ноҳияи Ашт, аккредитатсияи давлатии гимназияи №1-и ноҳияи Деваштич дар баромади сардори шуъбаи Хадамоти назорат дар соҳаи маориф дар вилоят Абдураҳим Қурбонов мавриди таҳлил қарор ёфтанд.
Аз ҷараёни санҷиши вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Б.Ғафуров, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2017, №544 «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар муассисаҳои таълимии вилоят мутахассиси пешбари шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ Гулсарахон Тошматова ва сармутахассиси шуъба Дилрабо Сатторова маълумот доданд.
Доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар муассисаҳои таълимии вилоят директори маркази технологии иттилоотӣ — коммуникатсионӣ Юсуфҷон Домуллоҷонов гузориш дод.
Осим Каримзода дар ҷамъбасти ҷаласаи ҳайати мушовара ҷиҳати баргардонидани кӯдакистонҳои тобеи ташкилоту корхонаҳо тибқи талаботи Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ, пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳолатҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои ҳамаҷиҳатаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020”, таъмиру тармими биноҳои садамавӣ, бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ бо ҷалби соҳибкорон, кумитаи падару модарон, саховатмандон ва сармоягузорон, фаъолияти босамари маҳфилҳои омӯзишӣ, беҳтар намудани вазъи лагерҳои беруназмактабӣ, ташкили Марказҳои инкишофи кудак барои омодагӣ ба мактаб, омодагии иншоотҳои ҷашнӣ дастуру супоришҳо дод.
Бо қабули қарорҳои дахлдор чорабинӣ хотима пазируфт.